Бебарқии сокинон дар пайи тахриби сохтмонҳои куҳна дар Душанбе

  • 20 Декабр, 2013
тахриби сохтмонҳо
Image caption Тахриби бархе аз сохтмонҳо дар маркази Душанбе мунҷар ба бебарқии опортумонҳои наздик ба ин сохтмонҳо шуда ва хашми бисёреро барангехтааст

Дар пайи тахриби шуморе аз сохтмонҳои дутабақа дар хиёбони Рӯдакӣ дар маркази шаҳри Душанбе теъдоде аз сокинони оппортумонҳои наздик бидуни барқ ва тамоси телефунӣ мондаанд.

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ки аз ин қазия огоҳ аст ва тӯли ду ҳафтаи оянда ин мушкил рафъ хоҳад шуд.

Аммо сокинони оппортумонҳои наздик ба сохтмонҳои тахрибшуда аз ин амр ба хашм омада ва мепурсанд, ки чаро масъулони шаҳрдорӣ дар чунин зимистони сард қабл аз тахриби ин биноҳо тадобире барои ҳифзи системи интиқоли нерӯи барқ ва хутути телефунӣ анҷом надодаанд?

Тахриби сохтмонҳои дутабақа дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ҳафтаи гузашта дар чорчӯби иҷрои барномаи тавсеъа ва ободонии шаҳри Душанбе, ки аз он ба унвони “Генплан” ном бурда мешавад, шурӯъ шуд.

Шаҳрдорӣ қасд дорад ба ҷойи сохтмонҳои тахрибшуда оппорутмонҳои ҷадид ва бисёртабақа бунёд кунад.

Соҳибони манозили тахрибшуда аз қабл дар ин бора огоҳ карда шудаанд ва шаҳрдорӣ барои онҳо иҷораи муваққати манозилеро тавсия кардааст. Вале маълум нест, ки шаҳрдорӣ пули иҷораи манзили онҳоро мепардозад ё на.

Тибқи қонун, мақомот бояд қабл аз тахриби манозили шаҳрвандон барои онҳо манозиле бо арзиши мушобеҳ фароҳам кунанд ё арзиши манозилеро, ки тахриб кардаанд, ба шаҳрвандон бипардозанд, то худашон ба дилхоҳи худ манозили ҷадид харидорӣ кунанд.

Image caption Бисёре аз мардум мепурсанд, ки чаро мақомоти шаҳрдорӣ қабл аз тахриби сохтмонҳо ба фикри хутути барқ науфтодаанд

Мақомоти шаҳрдории Душанбе гуфтаанд, ки дар оянда соҳибони оппортумонҳои тахрибшуда ҳақ доранд дар оппортумонҳои ҷадид дар маҳалли тахриби хонаҳояшон манозили ҷадид харидорӣ кунанд ва ё шаҳрдорӣ барояшон шароит фароҳам мекунад, ки дар қисматҳои дигари шаҳр маскан харидорӣ кунанд.

Аммо ба гуфтаи Анвар Исломов, як сокини оппортумоне, ки дар наздикияш як бинои дутабақа тахриб шудааст, дар шароити зимистон ва сард шудани дамои ҳаво бидуни нерӯи барқ мондани сокинон хилофи қонун ва меъёрҳои беҳдоштӣ аст ва як навъ нақзи ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад.

Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе, мегӯяд, ки ҳамаи ниҳодҳои зидахл аз ин қазия огоҳанд ва талош мекунанд, ки дар зудтарин фурсат ин мушкил ҳалли худро пайдо кунад.

Зимнан, сохтмони Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон низ аз ҷумлаи сохтмонҳои тахрибшуда дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе аст. Ин сохтмон дар рӯбарӯи Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон воқеъ буд.

Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, шаҳрдории Душанбе барои бунёди сохтмони ҷадиди Ройзании фарҳангии Эрон маҳаллеро дар пойтахти Тоҷикистон пешниҳод карда, ки дуртар аз маркази шаҳр аст ва намояндагони сафоратхонаи Эрон бо ин пешниҳод чандон мувофиқ набудаанд.

Барои ҳалли ин қазия ахиран гурӯҳе аз масъулони Вазорати хориҷаи Эрон аз Теҳрон ба Душанбе сафар карда ва машғули дидор ва музокира дар ин маврид бо мақомоти тоҷик ҳастанд.

Матолиби муртабит