Шаҳрдорӣ ба зимистони тӯлонӣ ва сард омодагӣ мегирад

  • 14 Октябр, 2013
М. Убайдуллоев
Image caption Шаҳрдори Душанбе ба зимистони тӯлонӣ ва сард омодагӣ мебинад

Шаҳрдори Душанбе дастур додааст, куллия ниҳодҳои зирабти шаҳр барои гузарони зимистони шадидан сарди имсол омода бошанд.

Шаҳрдорӣ ин ҳушдорро дар натиҷаи таҳқиқоти пажуҳишгоҳҳои ҳавосанҷӣ таҳия кардааст, ки пешгӯӣ кардаанд фасли зимистони соли ҷорӣ дар минтақа башиддат сард хоҳад буд.

Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии шаҳрдории Душанбе, сардиҳои шадид аз моҳи ноябри соли ҷорӣ оғоз шуда ва эҳтимолан то авохири моҳи феврали 2014 идома пайдо кунад.

Ба ин далел Маҳмадсаъид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ба муъовинони худ ва руасои навоҳии Душанбе дастур додааст, ки барои захираи маводди сӯхт, ғизо ва ҷилавгирӣ аз оташсӯзиҳое, ки умдатан дар фасли зимистон бештар рух медиҳанд, иқдом кунанд.

Шаҳрдорӣ ҳамчунин барои пешгирии мушкилоти эҳтимолӣ дар бахшҳои роҳу таробарӣ, таъмини оби ошомиданӣ ванерӯи барқ ба далели сармои шадид дар фасли сармо ба ниҳодҳои зирабт дастур додааст, иқдомоти лозимро дар рӯйи даст бигиранд.

Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки эҳтимоли зимистони тӯлонӣ ва сард дар ин кишвар зиёд будааст. Тибқи иттилоъи ин манбаъ, сардии ҳаво дар зимистони имсол 1 то 3 дараҷа пойинтар аз меъёри солҳои қаблӣ хоҳад буд.

Ба гуфтаи ҳавошиносон сардии ҳавои зимистони имсол ба "воридшавии ҳавои сард аз уқёнуси яхбастаи шимолӣ" рабт доштааст. ИН марказ пешбинӣ кардааст, ки сардии зимистони имсол қабл аз замони маъмулӣ, дар авоили моҳи ноябр шурӯъ шавад.

Нигаронии шаҳрдорӣ дар ин замина ба ин хотир аст, ки ҳамасола дар Тоҷикистон дар фасли сармо нерӯи барқ ба манозили сокинон реҷабандӣ мешавад. Бархеҳо ҳадс мезаданд, ки имсол ин амр то замони пас аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар 6-уми ноябр ба таъхир биуфтад.

Ҳарчанд Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, ки "ҳавои нарму гарми тирамоҳи имсол ва истифода аз зарфиятҳои нерӯгоҳҳои мутавассит ва кӯчак" сабаби аслии ба таъвиқ уфтодани роҳандозии реҷабандӣ дар интиқоли нерӯи барқ ба манозили мардум аст.

Ба гуфтаи вай, дар зудтарин фурсат бахше аз Маркази ҷадиди гармодиҳии Душанбе ба фаъъолият оғоз хоҳад кард, ки то 50 меговотт соъат нерӯи барқ тавлид хоҳад кард. Сохтмони ин марказ идома дорад ваон бо истифода аз зуғолсанг фаъъол мешавад. Зеро, аз оғози соли ҷории мелодӣ Ӯзбакистон аз содироти гози табийӣ ба Тоҷикистон худдорӣ карда ва ба ин далел маркази қаблии гармидиҳии Душанбе аз фаъъолият комил бозмондааст.

Гуфта мешавад, агар эҳтимоли зимистони шадид ва тӯлонӣ воқеъӣ бошад, ин дуввумин зимистони сардтар аз меъёр дар чанд спанҷ соли ахир хоҳад буд.

Дар зимистони соли 2008 Тоҷикистон сардиҳои шадидеро пушти сар кард, ки он замон интиқоли нерӯи барқ ба манозили сокинон ва муассисоти мухталиф барои муддате комилан мутаваққиф шуда буд. Гузориш шуда буд, ки дар асари набуди барқ ва сармо дар он замон дар бемористонҳои шаҳри Душанбе мавориди даргузашти беморон ва кудакони навзод сабт шудааст.