Фурӯдгоҳи Душанбе бо фановарии муосир муҷаҳҳаз мешавад

  • 12 Ноябр, 2013
Таҷҳизот
Image caption Воридоти ҳудуди 50 адад таҷҳизоти ҷадид барои фурӯдгоҳ то баҳори соли оянда анҷом хоҳад шуд

Ширкати "ЮТэйр-Лизинг" ба воридоти таҷҳизоти вижа, аз ҷумла утубусҳо, зинапояҳои худгард барои ҳавопаймоҳо, троктурҳо, камарбандҳои ноқили бор ва ғайраҳо барои таъмини сервиси муосир ба фурӯдгоҳи Душанбе оғоз кардааст.

Интизор меравад то баҳори соли оянда ин ширкат ба пойтахти Тоҷикистон ҳудуди 50 адад васоили фаннии муосир барои фаъъолияти ин фурудгоҳи байналмиллалӣ ворид кунад.

"ЮТэйр" мегӯяд, ки фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз шарикони умдаи ин ширкати ҳавоӣ дар минтақа аст ва воридоти таҷҳизоти вижа ба маблағи ҳудуди 6 милюн юру имкон хоҳад дод, ки ироъаи сервиси муосир барои мусофирон беҳтар шавад.

Масъулони фурӯдгоҳи Душанбе ба навбаи худ мегӯянд, ки воридоти ин таҷҳизот ба сурати эътибороти қистӣ сурат гирифта ва фурӯдгоҳ то мӯҳлати муъайян ин маблағро бозпас хоҳад дод.

Ба гуфтаи ин манобеъ, воридоти таҷҳизот аз моҳи гузашта шуруъ шуда ва то ҳол фурӯдгоҳи Душанбе чанд адад утубус, зинапояҳои худгард барои ҳавопаймоҳо ва троктурҳо дарёфт кардаанд.

Зимнан, ширкати "ЮТэйр-Лизинг" як ниҳоди вобаста ба ширкати ҳавоии "ЮТэйр" аст ва дар бозори ширкатҳои эътибороти қистии Русия аз эътибори болое бархурдор аст.

"ЮТэйр-Лизинг" дар муҷаҳҳазсозии фурӯдгоҳҳои "Внуково"-и шаҳри Маскав, "Емеляново", Сургут, Минералние Води, Омск, Томск ва Уфа нақши умда доштааст.