Оғози барномаи тавсеъа ва ободонӣ дар маркази шаҳри Душанбе

  • 3 Декабр, 2013
Душанбе
Image caption Тайи чанд соли ахир дар маркази пойтахти Тоҷикистон чанд сохтмони ҷадиди давлатӣ бунёд шудаанд

Шаҳрдории Душанбе иҷрои барнома тавсеъа ва ободонӣ дар қисмати марказии пойтахти Тоҷикистонро оғоз кардааст.

Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе, рӯзи сешанбеи 3 декабр ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳамакнун тахриби сохтмонҳои дутабақа дар хиёбони Рӯдакӣ идома дорад.

Ба гуфтаи вай, ба соҳибони ин масканҳо қимати манозилашон пардохт мешавад ё пешниҳод шудааст, ки дар ивази манзил баъд аз эҳдоси сохтмонҳои ҷадиди бисёртабақа маскан дарёфт кунанд.

Ба гуфтаи оқои Саидов, ахиран тахриби сохтмонҳои дутабақаи шумораҳои 124, 126 ва 130 оғоз шуда ва ин амр дар чорчӯби барномаи тавсеъа ва ободонии шаҳр ё ба истилоҳ “Генплан” идома меёбад.

Вай гуфт, дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки рӯзи 2-уми декабр баргузор шуд, тасмим гирифта шуд, ки аз ин ба баъд манозиле, ки дар ихтиёри ниҳодҳои давлатӣ ҳастанд, ба шаҳрвандон иҷора дода нашаванд.

Вай афзуд: “Чун дар ҷараёни иҷрои барномаи тавсеъа ва ободонӣ шаҳрдорӣ худ ба манозили холӣ ниёз дорад, зеро бояд теъдоди зиёди сокинонро ба сурати муваққат соҳиби маскан кунад. Қаблан ин манозил ба омӯзгорон ва афроди дигар иҷора дода мешуд.”

Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, дар ҷаласаи дирӯз ҳамчунин аз туҷҷори муқими пойтахт даъват кардааст, ки дар бунёди сохтмонҳои ҷадиди маскунӣ саҳм гузоранд.

Ин дар ҳолест, ки ҷомеъаи Тоҷикистон то ҳол дар бораи мушаххасоти барномаи тавсеъа ва ободонии шаҳри Душанбе иттилоъи комил надоранд ва ба ин далел ҳадсу гумонҳои мухталифе дар ин бора вуҷуд дорад.

Дар посух ба ин суол, ки оё тибқи ин барнома порки троллебуйсҳо дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе низ аз миён бурда мешавад, гуфт, ки дар ин бора иттилоъ надорад.

Image caption Бештари сокинон шикоят мекунанд, ки дар маҳаллоти дуртар аз маркази Душанбе сохтмонҳои ҷадид вуҷуд надоранд

Аммо сокинони маҳаллӣ дар манотиқи “Северний”, “Водонасосний” ва маҳаллоти атрофи бустонсаройи раёсати ҷумҳурӣ мегӯянд, ки бархе аз онҳо аз ниҳодҳои зидахл дар бораи тахриби манозилашон огоҳинома гирифтаанд.

Аз сӯйи дигар, тайи чанд соли ахир дар маҳаллоти дигари Душанбе, ки аз маркази шаҳр дар фосилае дуртар воқеъ ҳастанд, раванди сохтмони опортумонҳо ва таъсисоти дигар идома дорад. То ин вақт дар маркази шаҳри Душанбе танҳо чанд сохтмони биноҳои ҳукуматӣ анҷом шудааст.

Ин дар ҳолест, ки қимати манзил ё опортумонҳо дар шаҳри Душанбе аз як ҳазору дувист дулор барои ҳар як метри муррабаъ оғоз шуда ва арзиши як опортумони дорои се ҳуҷра дар маркази пойтахти Тоҷикистон аз 150 ҳазор дулор болотар аст.

Ба ин далел, коршиносон мегӯянд, ки қимати маскан дар Душанбе дар миёни пойтахтҳои ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз гаронтаринҳост ва бархе бар ин назаранд, ки бар ивази ин маблағ имкон дорад, ки опортумоне дар кишварҳои урупоӣ харидорӣ шавад.

Ба гуфтаи соҳибназарон, далели болоравии арзиши манзил дар Душанбе ба авоқиби ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 ва тавсеъаи раванди муҳоҷирати дохилӣ, яъне кӯч бастани сокинони рустоӣ ба шаҳрҳо бастагӣ дорад.

Вале мушоҳидаҳо ҳокист, ки баъд аз оғози бунёди опортумонҳои ҷадид дар Душанбе суръати рушди қимати онҳо поён рафта ва ҳамакнун бонкҳо низ омода ҳастанд ба алоқамандон барои харидории маскан эътиборот бидиҳанд.

Матолиби муртабит