Оташсӯзӣ дар ошиёнаи нуҳуми як сохтмони ҷадиде дар Душанбе
Баъд аз зуҳри рӯзи сешанбеи 27-уми август оташсӯзие дар як сохтмони 9-табақа дар маҳаллаи 82-и шаҳри Душанбе боми ин сохтмонро комилан фаро гирифт.
Дар табақаи аввали ин сохтмони ҷадид рестурони "Сурхоб", дар табақаи охираш, ки оташсӯзӣ дар онҷо сар зада, дафотири кории ширкатҳои мухталиф воқеъ будааст. Аммо табақаҳои дигари ин сохтмон ҳанӯз мавриди истифода қарор нагирифтааст.
Ин оташсӯзӣ наздики соъати 16-и баъд аз зуҳр шурӯъ шуд. Барои хомӯуш кардани оташ беш аз даҳ мошини оташнишонӣ аз ду соъат бештар онро хомуш карданд, то ин оташсӯзӣ табақаҳои дигари ин сохтмонро фаро нагирад.
Як масъули идораи оташнишонии шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки онҳо тамоми саъйи худро барои хомӯш кардани ин оташсӯзӣ кардаанд, аммо дамои ҳаво ва вазиши бод забонаҳои оташро боз ҳам шуълавартар кардааст.
Масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили чӯбу тахта ва плостик, ки дар сохтмони боми ин сохтмони 9- табақа аз онҳо истифода шудааст, кори оташнишонҳоро душвор кардааст.
Баъзе аз кормандони рестурони "Сурхоб" ки дар маҳалли ин ҳодиса буданд мегӯянд, ки обе, ки дар хомуш кардани ин оташсӯзи оташнишонон истифода намудаанд, тамоми утоқҳои ин рестуронро фаро гирифта фаршу сандалиҳо ва васоили барқиро хароб кардааст.
Дар лаҳзаҳое, ки маъмурони оташнишонӣ гирифтори хомуш кардани ин оташсӯзӣ буданд , қисме дигар аз оташнишонон роҳ сӯи хиёбони Зебунисо дар шаҳри Душанберо гирифтанд, ки онҷо низ сохтмоне месӯхт.
Хисороти ин оташсӯзӣ ҳануз маълум нест ва аммо баъзеҳо сабаби вуқӯъи оташсӯзиро сими барқ мегӯянд.
