'Сити-форматҳо' - таҷҳизоти ҷадиди таблиғотӣ дар Душанбе

Ҳукумати Душанбе барои хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон 12 адад сити-формат, ё монитурҳои бузурги таблиғотӣ харидорӣ кардааст.
Қарор аст ин таҷҳизот дар хиёбонҳои атрофи муъасиссоти фарҳангӣ насб шуда ва маҳофили фарҳангӣ ва ҷашнвораву кунсертҳо тавассути онҳо таблиғ хоҳад шуд.
Ба ин тартиб қарор аст, аз бисёре аз овезаҳои бузурги таблиғотӣ аз атрофи ин муъасиссот барчида шаванд. Ба гуфтаи муттахасисон "сити-форматҳо" аз назари амниятӣ ва зебоишиносӣ беҳтар буда ва иқтисодитар низ ҳастанд.
Ронандаҳои пойтахт низ аз зиёд будани овезаҳо ва банерҳои таблиғотӣ дар ҷодаҳои шаҳр изҳори норизоиятӣ карда ва мегӯянд, ки вуҷуди онҳо ба амнияти ҳаракат дар роҳ низ таъсири манфӣ мегузорад.
Наврӯз Юнусов, раҳбари муъасисаи давлатии таблиғотӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 19 сентябр дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки насби сити-форматҳо баъд аз иттихози қарори шаҳрдорӣ оғоз меёбад.
Ӯ аз ироаи иттилоъ дар бораи тарҳи ҷогузинии овезаҳо ба сити-форматҳои электруник худдорӣ карда ва афзуд, ки қарор аст теъдоди бештаре аз ин васоили таблиғоти электруник ба пойтахт ворид шавад.
Оқои Юнусов таъкид кард, ки тавассути сити-форматҳо таблиғоти тиҷорӣ ва ё сиёсӣ пахш нахоҳанд шуд. Ҳарчанд дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ниёз ба пахши маводди таблиғотии номзадҳо афзоиш ёфта ва аҳзоби сиёсӣ барои ин амр маболиғи худро дареғ намедоранд.
Баландиву бари ин сити-форматҳо 1,2 ба 1,8 метр буда ва тасовири он дар тӯли шому шаб аз масофаи дур низ қобили дидан будааст. Дар муқоъиса бо анвоъи дигари таблиғотӣ сити-форматҳо аз боду резиши барфу борон таъсир намегиранд.
Ин дар ҳолест, ки дар бештаре аз шаҳрҳои ҷаҳон раванди поксозии шаҳрҳо аз овезаҳои бузургу анвоъи дигари таблиғотӣ дар ҷараёни будааст.
Аммо масъулони шаҳрдорӣ гуфтанд, ки мавзӯъи барчидани овезаҳои таблиғотӣ аз хиёбонҳои пойтахт матраҳ нест. Зимнан бештари овезаҳои таблиғотӣ дар шаҳри Душанбе моли ширкатҳои хусусӣ буда ва бо дарёфти иҷозаи шаҳрдорӣ дар ҷодаҳои пойтахт насб шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи чоршанбе 18-уми сентябр гузориш шуд, ки 855 дурбини мадорбаста низ дар ҷодаҳои шаҳри Душанбе насб мешавад ва ҳадаф аз ин кор мубориза бо теруризм ва тахаллуфоти ронандагӣ дар роҳҳои пойтахт унвон мешавад.
