Хиёбони Федин ба номи Асадулло Ғуломов номгузорӣ шуд
Ҷаласаи вакилони маҷлиси шаҳри Душанбе асомии шуморе аз хиёбонҳои ин шаҳрро иваз кард.
Тибқи иттилоъи Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдори Душанбе, ин ҷаласа рӯзи панҷшанбеи 19 декабр баргузор шуд ва вакилон аз ҷумла тасмим гирифтаанд, ки асомии маҳаллоти Авул-1 ва Авул-2 ба Бунёдкорон ва Ободкорон тағйир дода шавад.
Ҳамчунин, бархе аз хиёбонҳо, ки қаблан исмҳои русӣ доштанд, ба номи шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон мусаммо шудаанд. Аз ҷумла, асомии хиёбонҳои ба номи Репин ба Хайрулло Мирзоев, Чкалов ба Қандил Ҷӯраев, Клара Стеткин ба Маҳмудбек Нарзибеков ва Спартак ба Гурминҷ Завқибеков иваз шудааст.
Яке аз хиёбонҳои бузурги шаҳри Душанбе, ки қаблан исми Фединро дошт, ба исми Асадулло Ғуломов, собиқ муъовини нахуствазир ва аз наздикони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур номгузорӣ шудааст.
Тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, раванди тағйири номҳои хиёбонҳо дар пойтахти Тоҷикистон идома хоҳад дошт ва мақомоти навоҳии пойтахт ва шаҳрдорӣ дар ин замина пешниҳодҳои худро ироа мекунанд.
