Хатари бебарқии густарда дар шимоли Тоҷикистон

  • 11 Ноябр, 2013
Хатти интиқоли нерӯи барқ
Image caption Аз моҳи октябр бад ин сӯ интиқоли нерӯи барқ дар шимоли Тоҷикистон, ба ҷуз аз шаҳрҳҳои Хуҷанд, Чкаловск ва Қайроқум реҷабандӣ шудааст

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” аз коҳиши беш аз пеши нерӯи барқ ба сокинони шимоли Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик ҳушдор додаанд. Зеро қарор аст базудӣ ин ширкат ба бозсозии хатти интиқоли нерӯи барқи “Ҷануб-Шимол” дар ин минтақа бипардозад.

Ин дар ҳолест, ки резиши сангпораҳо дар фасли тобистон сабаби осеб дидани яке аз сутунҳои ин хатти барқ шуда буд, аммо масъулони "Барқи тоҷик" фурсати бозсозии онро бо расидани мавсими сармо оғоз мекунанд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ин ширкат ба Би-би-сӣ рӯзи душанбеи 11-уми ноябр гуфт, ки замони оғози умури бозсозӣ дақиқ нашудааст. Аммо ӯ таъқид кард, ки маҳдудияти бештари нерӯи барқ дар ин минтақа дар назар будааст. Ӯ гуфт ба эҳтимоли зиёд камбуди нерӯи барқ дар шимоли Тоҷикистон барои 4-5 рӯз зиёд маҳсус хоҳад буд.

Оқои Ёдгорӣ аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ кард. Ррасонаҳои маҳаллӣ аз қавли масъулони шабакаҳои барқии вилояти Суғд навиштаанд, ки дар сурати қатъи интиқоли нерӯи барқ аз Ҷануб ба Шимоли Тоҷикистон, ин минтақа танҳо аз тавлидоти нерӯгоҳи барқи обии Қайроқум ва барқи воридотӣ аз Қирғизистон истифода хоҳад кард, ки хеле андак аст.

Ин дар ҳолест, ки сокинони ин минтақа аз як моҳ бадин сӯ бо камбуди нерӯи барқ рӯбарӯ ҳастанд. Моҳи гузашта нерӯи барқ дар шимоли Тоҷикистон, ба ҷуз аз шаҳрҳҳои Хуҷанд, Чкаловск ва Қайроққум реҷабандӣ шуда ва сокинони инҷо дар як шабонарӯз фақат то 8 соъат аз нерӯи барқ истифода кунанд.

То ҳол миқдори қобили мулоҳизаи нерӯи барқи мавриди истифодаи шимоли Тоҷикистон аз ҷануби кишвар тавассути хатти “Ҷануб-Шимол” интиқол мешуд. Ин хатти интиқоли нерӯи барқ бо кӯмаки молии давлати Чин се сол қабл мавриди истифода қарор гирифта буд.

Қаблан, вилояти Суғд аз Ӯзбакистон нерӯи барқи ворид мекард. Ҳоло чунин имконият аз байн рафтааст.

Сокинони шимоли Тоҷикистон аз ин мавзӯъ норозианд, ки агар сутунҳои хатти “Ҷануб-Шимол” дар фасли тобистон осеб дида бошанд, чаро масъулони “Барқи тоҷик” барои бозсозии он фарорасии фасли сарморо интизор буданд?

Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба масъулони минтақавии ширкати “Барқи тоҷик” менависанд, ки агар ба ин мушкил дар фасли тобистон расидагӣ мешуд, чунин хатар вуҷуд дошт, ки пумпи обёрикунӣ дар аксари манотиқи вилояти Суғд аз фаъъолият бозмемондаанд. Ба ин далел тасмим шудааст, ки бозсозии ин хатти интиқоли нерӯи барқ дар фасли сармо сурат бигирад.

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” ба расонаҳо гуфтаанд, ки барои рафъи сареъи ин мушкил талош мекунанд. Онҳо ёдовар мешаванд, ки камбуди нерӯи барқ дар ҳамаи манотиқи Тоҷикистон эҳсос мешавад ва сокинон тибқи ҷирабандӣ ё лимит ба нерӯи барқ дастрасӣ доранд.

Матолиби муртабит