Ройзании кишварҳои минтақа роҷеъ ба натоиҷи бозрасии тарҳи "Роғун"

  • 17 Октябр, 2013
Роғун
Image caption Тайи чанд соли ахир тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" ба як ормони миллӣ дар Тоҷикистон табдил шудааст

Ройзании кишварҳои минтақа дар бораи гузоришҳои коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди натоиҷи бозрасии тарҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" оғоз шудааст.

Тибқи иттилоъи масъулони дафтари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, дар ин ройзанӣ масъулони давлатҳои минтақа - Тоҷикистон, Узбакистон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон ва ҳамчунин намояндагони ҷомеъаи маданӣ ва коршиносон ширкат мекунанд.

Дар ин ройзанӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 17 октябр шурӯъ шуд, ширкаткунандагон тавассути таҷҳизоти видиюӣ дар пойтахтҳои кишварҳои минтақа хулосаи ду гузориши коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи Бозрасии фаннию заминшиносии бунёди садд ва обанбори "Роғун" ва Арзёбии корҳои аноҷмшуда дар тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун"-ро бо ҳам баррасӣ мекунанд.

Гузоришҳои коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди ин ду бозрасӣ чаҳор ҳафта қабл мунташир шуда буд, аммо ба навиштаи Сироҷ Кумор Ҷҳо, мудири намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, натоиҷи ин бозрасиҳо ба маънии сохта шудан ё нашудани нерӯгоҳи "Роғун" нест.

Вай гуфт: "Ҳадафи мо ин буд, ки ба ҷонибҳо иттилоъи комилеро дар бораи нерӯгоҳи "Роғун" ироа бидиҳем. Бонки Ҷаҳонӣ масъулияти сармоягузории сохтмони ин нерӯгоҳро ба зимма намегирад."

Зимнан, гузоришҳои марбут ба бозрасии тарҳи "Роғун" тӯли ду рӯз, яъне 17 ва 18-уми октябр баррасӣ мешаванд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин ройзанӣ Фаррух Ҳамралиев, мушовири иқтисодии Президент Раҳмон, намояндагӣ мекунад. Ҳамчунин, гурӯҳе аз коршиносони хориҷӣ аз кишварҳои урупоӣ низ барои ширкат дар ин ройзанӣ вориди Душанбе шудаанд.

Қарор аст ин коршиносон тӯли ду рӯз машғули баргузории давраи омӯзишӣ барои бозрасии зистмуҳитӣ шаванд. Дар ҷараёни ин семинор коршиносони урупоӣ ба ҳамтоёни худ аз кишварҳои минтақа ва намояндагони ниҳодҳои давлатӣ наҳваи бозрасии таъсироти зистмуҳитии тарҳҳои мухталифи истротежикро меомӯзонанд.

Гуфта мешавад, ки Иттиҳодияи Урупо дар заминаи иҷрои тарҳҳои фаромиллӣ аз таҷрубаи ғанӣ бархурдор аст ва ба ҳамин далел коршиносони урупоӣ гуфтаанд, ки зимни тасмимгириҳо дар мавриди иҷрои ин тарҳҳо бояд назароти ҷонибҳои мухталиф ба назар гирифта шаванд.

Зимнан, субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 16-уми октябр Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, озими Ишқобод, пойтахти Туркманистон, шуд. Интизор меравад оқои Зарифӣ дар кунферонси байналмиллалии "Амнияти энержӣ ва тавсеъаи пойдор" ширкат кунад.

Ба ин тартиб, тӯли ду рӯзи оянда тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" дар меҳвари баҳсу барарсиҳои мақомоти кишварҳои минтақа қарор хоҳад дошт.

Нерӯгоҳи "Роғун" дар замони Шӯравӣ тарҳрезӣ шуда ва соли 1976 сохтмонаш оғоз шуд. Вале баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1992 ба далели камбуди сармоя умури сохтмонӣ дар ин тарҳ мутаваққиф шуд.

Давлати Тоҷикистон, ки дар солҳои пешин бо камбуди шадиди нерӯи барқ дар фасли сармо рӯбарӯ буд, баъд аз талошҳои нофарҷом барои ҷалби сармояи хориҷӣ, батанҳоӣ сохтмони ин нерӯгоҳро идома медиҳад. Ба ин манзур чанд сол қабл саҳоми ин нерӯгоҳ ба мардум фурӯхта шуд.

Тибқи тарҳи муқаддамотӣ нерӯгоҳи "Роғун" аз шаш чарха ё турбин иборат буда ва дар маҷмӯъ 3600 меговот/соъат нерӯи барқ тавлид хоҳад кард. Баландии садди ин нерӯгоҳ 335 метр муқаррар шудааст.

Бархе аз кишварҳои минтақа, бавижа Узбакистон, бо иҷрои ин тарҳ шадидан мухолифат карда ва иддаъо доранд, ки сохтмони ин нерӯгоҳ бар вазъи муҳити зисти минтақа ва арсаи кишоварзии кишварҳои поёноби рӯди Омӯ асароти ҷиддие барҷо мегузорад.

Барои рафъи ин ихтилофот давлати Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ хост, ки бозрасии мустақиллонаи тарҳи нерӯгоҳи "Роғун"-ро анҷом бидиҳад ва ҳамакнун мунтазири посухи ниҳоии ин ниҳод аст.

Матолиби муртабит