Марказгармии Душанбе-2 дар пойтахти Тоҷикистон фаъъол шуд

  • 10 Январ, 2014
Раҳмон
Image caption Оқои Раҳмон гуфт, ки фаъъол шудани марказгармии Душанбе-2 дар шароити камбуди энержӣ дар Тоҷикистон кумаки зиёд ба шабакаи барқи кишвар маҳсуб мешавад

Бахше аз марказгармии Душанбе-2 бо зарфияти тавлиди як милюну 250 ҳазор килувот/соъат нерӯи барқ дар шабонарӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки субҳи ҷумъаи 10 январ дар маросими ифтитоҳи ин марказ суханронӣ мекард, гуфт, ки ин миқдор нерӯи барқ дар шароити камбуди энержӣ дар Тоҷикистон кумаки зиёде ба шабакаи барқи кишвар маҳсуб мешавад.

Оқои Раҳмон гуфт, ки дар назар аст дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бахши дуюми ин марказ низ фаъъол шуда ва мизони тавлиди нерӯи барқ дар он то 2,5 милюн килувот/соъат дар шабонарӯз афзоиш ёбад ва барои 40 дарсади сокинони шаҳри Душанбе гармӣ таъмин шавад.

Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик як хатти баландшиддати 220-килуволтӣ аз ин марказ ба бунгоҳи тавзеъи барқи (зеристгоҳи) “Душанбе-500” пайваст шуда, корҳо барои васли як лӯлаи секилуметрии гармӣ ба системи гармирасонии шаҳри Душанбе идома дорад.

Ба гуфтаи оқои Раҳмон, бо вуҷуди истифода аз ангишт ё зуғол дар марказгармии Душанбе-2 зубола ё партовҳо тавассути таҷҳизоти мудерн тафсия шуда, 99,8 дарсади он безиён гардонда мешавад, ки ин рақам ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ будааст.

Ҳамчунин, хокистари ангишт дар зарфҳои вижа ҷамъоварӣ ва нигаҳдорӣ мешавад.

Зимнан, дар соли 2012 миёни Тоҷикистон ва Чин дар мавриди бунёди марказгармии Душанбе-2 бо ҳазинаи 870 милюн сомонӣ мувофиқатномае имзо шуда буд ва ин марказ тавассути 1600 тан аз мутахассисони чинию тоҷик эҳдос шудааст.

Ҳамзамон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баҳрабардорӣ аз захоири бузурги энержии обиро аз вазоифи "аввалиндараҷа ва истротежики" давлат арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, феълан барои тавсеъаи бахши энержии Тоҷикистон 10 тарҳи сармоягузорӣ, ки ҳазинааш 6 милёрд сомонӣ аст, дар маърази иҷро қарор доранд.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон эълом доштанд, ки дар пайи фаъъол шудани марказгармии шаҳри Душанбе имкон дорад гармӣ дар хонаҳои 40 дарсади сокинони пойтахт таъмин шаванд, вале коршиносон нисбат ба иҷрои ин амр чандон хушбин нестанд.

Амир Каттаев, раиси Кумитеи энержӣ, саноеъ, сохтмон ва иртибототи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар замони ҷанги дохилӣ дар даҳаи 1990, ки буҳрони шадиди иқтисодиро ба дунбол дошт, бахши аъзами системи гармии мутамаркази Душанбе аз фаъъолият бозмонда ва ба бозсозии ҷиддӣ ниёз дорад.

Оқои Каттаев гуфт, ки барои тармиму бозсозии лӯлаҳои оби гарм ва гармӣ дар шаҳри Душанбе, ки кӯҳнаву фарсуда шудаанд, маболиғи ҳангуфте лозим аст.

Тибқи иттилоъи мақомҳои зирабти шаҳрдории Душанбе, феълан гармӣ дар ҳудуди 25 дарсади манозили сокинони ин шаҳр таъмин шудааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, ба далели дар фасли сармо таъмин набудани гармӣ дар хонаҳои сокинони Душанбе, масрафи нерӯи барқ дар пойтахт дар муқоиса бо даврони шӯравии пешин то 15 дарсад афзоиш ёфтааст.

Агар дар замони шӯравии пешин 90 дарсади манозили сокинони Душанбе аз тариқи марказгармӣ гарм мешуд, ҳоло сокинон барои гарм кардани манозили худ аз васоили барқӣ ва нерӯи барқ истифода мекунанд.

Қироншоҳ Шарифзода, устоди донишгоҳ ва як сокини шаҳри Душанбе, ки дар маҳаллаи Зарафшон ба сар мебарад, гуфт, ки аз соли 1993 системи марказгармӣ дар ин минтақа комилан аз фаъъолият бозмонда ва фаъъол сохтани он кори сахтест.

Аз ҷумла, дар моҳи ноябри сои 1992 марказгармии воқеъ дар дар қисмати ғарбии Душанбе бар асари исобати гулӯлаи тӯп оташ гирифта ва тахриб шуда буд. Ба гуфтаи оқои Шарифзода, феълан на танҳо лӯлаҳои оби гарм ва гармӣ пӯсидаю хароб шудаанд, балки сокинон ба иллати камбуди гармӣ хаттҳои оби гарму гармӣ дар ҳуҷраҳои худро қатъ кардаанд.

Дар ҳоле ки марказгармии ҷадид, ки беш аз 1 милён килувот/соъат нерӯи барқ тавлид мекунад, фаъъол гардид, бархе расонаҳо аз мутаваққиф шудани фаъъолияти нерӯгоҳи обии “Сангтӯда-2” хабар додаанд.

Масъулони ин нерӯгоҳ, ки бо сармояи 180-милюндулории Эрон бунёд шудааст, иллати ин амрро мушкили фаннӣ хондаанд, аммо коршиносон гуфтаанд, ки фаъъолияти ин нерӯгоҳ ба далели пардохт нашудани 28 милюн дулор пули барқ аз ҷониби ширкати “Барқи тоҷик” мутаваққиф шудааст.

Матолиби муртабит