Дидори Раҳмон бо вазири иқтисоди Афғонистон
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеъаи ҳамкориҳо бо Афғонистонро аз увлавиятҳои аслии сиёсати хориҷии ин кишвар унвон кардааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, шоми панҷшанбеи 13 март, Эмомалӣ Раҳмон зимни дидор бо Абдулҳодӣ Арғандивол, вазири иқтисод ва раиси Кумисиюни муштараки байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоъӣ ва фаннии миёни ду кишвар аз ҷониби Афғонистон, гуфтааст, таҷлил аз ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Кунфаронси шашуми RECCA дар Афғонистон ба таҳкими сулҳу сабот ва рушди иқтисоди ин кишвар мусоъидат хоҳанд кард.
Дар ҷараёни ин дидор ҷонибҳо масоили марбут ба иҷрои тарҳи бунёди хатти интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғистон ба Афғонистону Покистон мавсум ба CASA-1000, ифтитоҳи гузаргоҳҳои ҷадиди марзӣ миёни ин ду кишвар ва интиқоли гоз аз Афғонистон ба Тоҷикистон низ баррасӣ шуданд.
Дар ин мулоқот ба тасреъи талошҳо барои мувофиқаи тарҳи сеҷонибаи Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон дар мавриди тиҷорати тронзитӣ таъкид шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулҳодӣ Арғандивол дурнамои ҳамкориҳои фарҳангиро умедворкунанда арзёбӣ карда ва гуфтаанд, ки феълан дар Тоҷикистон 234 донишҷӯйи афғон омӯзиш дида ва беш аз 200 пизишки тоҷик дар Афғонистон фаъъолият мекунанд.
