Раҳмон мухолифони ҷашни Наврӯзро 'мутаъассибу тангназар' хонд
Image copyrightBBC World ServiceРаиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки ҷашни Наврӯз таърихи шашҳазорсола дошта, ба ягон мазҳаб рабте надорад ва “тобеъи ягон мафкура ё ҷаҳонбинии динию мазҳабӣ нест.”
Президент Раҳмон рӯзи панҷшанбеи 20 март зимни суханронӣ дар дидор бо фарҳангиён гуфт: "Онҳое, ки имрӯз бар зидди ин ҷашни мардумӣ сару садо баланд мекунанд, ё сахт мутаъассибу тангназар ҳастанд ё таърихи миллат, расму ойинҳои аҷдодӣ ва арзишҳои ҷовидонии он, хулоса тақдири миллат барои онҳо комилан аҳаммият надорад.”
Зимнан, бархе аз уламои исломӣ дар расонаҳои мустақил дар мавриди таҷлил аз ҷашни Наврӯз ибрози назар карда ва иброз доштаанд, ки агар Наврӯз ба унвони ҷашни мазҳаби зардуштӣ таҷлил шавад, барои мусалмонон қобили қабул нест.
Аммо мақомоти Тоҷикистон Наврӯзро як ҷашни миллӣ ва ҷаҳонӣ хонда ва нақши онро дар ҳамгироию ҳамкорӣ, сулҳу созиш ва дӯстию ҳамдигарфаҳмии мардуми ҷаҳон муассир арзёбӣ кардаанд.
Дар пайи дар Иҷлоси 14-уми Маҷмаъи Умумии СММ дар 19 феврали соли 2010 мақоми байналмилалӣ касб кардани ҷашни Наврӯз ин ҷашн “ҳамчун василаи беҳтарини гуфтугӯи тамаддунҳо” хидмат мекунад.
Ҳамзамон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба асароти манфии раванди ҷаҳонишавӣ дар иқтисоду фарҳанг ва ҳастии мардумони кишварҳои дар ҳоли тавсеъа ишора кард ва аз фарҳангиён хост, ки дар тарбияти ватанпарастӣ, худогоҳию хештаншиносии миллӣ дар миёни сокинон, бахусус ҷавонон, саҳм гузоранд.
Ӯ гуфт: "Танҳо шахси ватандӯсту ватанпараст, аз таъриху фарҳанги миллати хеш бохабар, худогоҳу худшинос ва дорои ифтихори баланди миллӣ метавонад, ки дар ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннату ойинҳои неки миллӣ саҳми фаъол гузорад.”
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби ЮНЕСКО барои таҷлил аз 600-умин солгарди Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014-ро мояи ифтихори мардуми кишвар хонд.
Зимнан, ҳамасола дар остонаи таҷлил аз ҷашни байналмилалии Наврӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фарҳангиёни кишвар дидор мекунад.
Бархе аз фарҳангиён гуфтанд, ки умдатан дар ин дидор адибону ҳунармандон раиси ҷумҳуриро тавсиф карда, дар васфи ӯ шеър мехонанд ва дар ниҳоят, мушкилоти шахсии худро матраҳ мекунанд.
Ба гуфтаи онҳо, дар ин гуна мулоқот бояд масоили марбут ба вазъи душвори муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аз кишвар, шиканҷа дар боздоштгоҳҳою зиндонҳо, вазъи душвори теотру синемои тоҷик ва ҳолати озодии баён дар ин кишвар матраҳ шавад.
