Раҳмон интихоботи гузаштаро 'рамзи таҳкими субот ва ваҳдати миллӣ' хонд

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи раёсати ҷумҳурии соли гузаштаро аз муҳиммтарин рӯйдодҳои сиёсии кишвар хонда ва гуфтааст, ки ин интихобот нашонае аз таҳкими субот буд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора дар паёми табрикотии худ ба мардуми Тоҷикистон дар иртибот бо фарорасии Соли нави милодӣ, ки шаби сешанбеи 31 декабр аз тариқи шабакаҳои телевизиюнии ин кишвар пахш шуд, ибрози назар кард.
Вай аз ҷумла гуфт: "Ин чорабинии муҳим боз як нишонаи фарҳанги баланди сиёсии мардуми Тоҷикистон, рамзи таҳкими суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва болоравии эҳсоси ватандӯстию худшиносии сокинони мамлакат гардид."
Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 6 ноябр баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон бо касби беш аз 84 дарсади орои умумӣ дар миёни панҷ рақибаш, ки чандон шинохташуда набуданд, пирӯз ва дар мақоми худ ибқо шуд.
Дар ҳоле ки ҳайъати нозирони Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро озод, шаффоф, демукротик арзёбӣ кард, аммо ҳайъати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо аз тахаллуфоти ҷиддӣ дар ин интихобот интиқод карда буд.
Вазорати умури хориҷаи Омрико низ иброз дошт, ки раъйдиҳандагони Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ имкони воқеъии интихобро надоштанд ва адами ширкати номзади мухолифон ин интихоботро камранг сохта ва рақобати ҷиддиро аз миён бурдааст.
Аҳзоби мухолифи давлати наҳзати исломӣ ва сусиёл-демукроти Тоҷикистон интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷориро "ғайришаффоф ва ғайридемукротик" хонданд.
Ойниҳол Бобоназарова, номзади воҳиди мухолифон, ба далели кӯтоҳӣ дар ҷамъоварии имзоҳои мавриди ниёз ба унвони номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном нашуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар паёми худ ба "рушди устувори иқтисоди миллӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани садҳо корхона ва эҷоди даҳҳо ҳазор ҷойи кор дар соли 2013" ишора кард.
Ӯ ба унвони мисол аз ифтитоҳи тунели "Хатлон" дар гарданаи Чормағзак, садҳо килуметр роҳҳои иртиботӣ ва бунёди муассисоти беҳдоштӣ, омӯзишу парвариш ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуд.
Оқои Раҳмон гуфт, ки давлати Тоҷикистон талош хоҳад кард, ки дар соли 2014 низ рушди иқтисоди миллӣ таъмин шавад ва аз тариқи пуштибонии тиҷорати хурду мутавассит ба эҷоди машоғили ва афзоиши тавлидот муваффақ шавад.
Вай ҳамчунин бо ишора ба шурӯъ шудани таътили якмоҳаи донишомӯзони мадориси мутавасситаи Тоҷикистон аз волидон хостааст, ки "ба масъалаи истироҳату фароғат, тарбияву худомӯзии фарзандони худ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд."
Оқои Раҳмон гуфт: "Шогирдони синфҳои болоӣ - хатмкунандагон ин фурсатро бояд барои омодагӣ ба имтиҳоноти дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ, ки имсол бо тартиби нав доир мегардад, истифода кунанд. Мо барои тарбияти кодрҳои ояндасози кишварамон тамоми шароити заруриро муҳайё карда, доир ба интихоби ҷавонони дар ҳақиқат донишманду ояндадор ҳамаи чораҳои дахлдорро андешида истодаем."
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршиносон, дар паёми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба дастовардҳо дар бахшҳои мухталиф ишора шуда, вале мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ, назири фарқу бекорӣ, афзоиши таваррум ва коҳиши тавлиди колоҳои содиротии олуминиюму панба “фаромӯш” шудааст.
Ҳамчунин, дар ин паём дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ, бахусус дар Русия, ки дар нуҳ моҳи соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз се милёрд дулор ворид карда буданд, ҳарфе гуфта нашудааст.
Бино ба иттилоъи Идораи муҳоҷирати Русия беш аз як милюну 200ӣ ҳазор тан аз атбоъи Тоҷикистон барои дарёфти кор дар ин кишвар ба сар мебаранд. Аммо Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ҳудуди 700 ҳазор нафар гуфтааст.
Ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, пулҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик ба хонаводаҳояшон аз тариқи бонкҳо солиёна баробари 47 дарсади тавлидоти нохолиси дохилии Тоҷикистон аст.
