Эмомалӣ Раҳмон аз каммаҳбубтарин раҳбарони ҷамоҳири собиқи шӯравӣ дар Русия

Эътибори Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Туркманистон дар миёни шаҳрвандони Русия дар муқоиса бо дигар раҳбарони ҷамоҳири шӯравии пешин дар поинтарин сатҳ қарор дорад. Дар ин бора як назарсанҷии Маркази назарсанҷии Русия ҳокӣ шудааст.
Оқоён Раҳмон ва Бердимуҳаммедов ду раиси ҷумҳурии кишварҳои Осиёи Миёна ҳамагӣ 1 дарсади раъйи шаҳрвандони пурсидашудаи Русияро касб кародаанд.
Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Белорус, (41 дарсади раъйи пурсидашудагон) маҳбубтарин раҳбар дар миёни раҳбарони ҷамоҳири шӯравии пешин шинохта шуда, зинаҳои баъдӣ ба Нурсултон Назарбоев (33 дарсад) ва Виктур Янукович (10 дарсад) ихтисос шудаанд.
Ин марказ дар миёни сокинони 46 минтақаи Русия дар мавриди муносибати шаҳвандони ин кишвар дар қиболи раҳбарони ҷамоҳири шӯравии пешин назарсанҷӣ анҷом дода буд.
Пурсидашудагон Белорус ва Қазоқистонро аз кишварҳои пешрафта ва рушдкарда ва Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистонро ҷамоҳири дар ҳоли рушди собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ унвон кардаанд.
Дар ин назарсанҷӣ Белорус, Қазоқистон ва Укройн аз муттафиқони аслии Русия арзёбӣ шуда ва танҳо 1 дарсади пурсидашудагон Тоҷикистонро "шарики аслии" Русия хондаанд.
Ҳарчанд тибқи арзёбии пажӯҳишгарони байналмилалии молӣ Гурҷистон аз кишварҳои дорои мусоидтарин фазо барои сармоягузорӣ аст, аммо аз натоиҷи назарсанҷии Маркази назарсанҷии Русия бармеояд, ки мардуми ин кишвар Белорусро дар ин замина аз дигар кишварҳои собиқи шӯравӣ пешрафтатар мехонанд.
Пурсидашудагон мизони молиёту фасодро аз мушкили аслии ҷалби сармоя ба Тоҷикистон хонда ва ҳеч нафаре хоҳиши сармоягузорӣ дар ин кишварро накардааст.
Посухгӯён "вазъияти ноором дар Қирғизистон" ва "мавориди ҳамла ба корхонаи муштарак бо сармояи хориҷӣ" аз сабабҳои аслии коҳиши сармояи хориҷӣ ба Қирғизистон хонданд.
Дар ҳамин ҳол, Александр Князев, коршиноси умури Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёнаи Русия ба нашрияи “Независимая газета” гуфтааст, натоиҷи назарсанҷӣ нишон дода, ки таъсири расонаҳо дар шакл гирифтани ақдиаи шаҳрвандони Русия дар бораи кишварҳои шӯравии собиқ ва руасои ҷумҳури онҳо асари ҷиддӣ дорад.
