Дидори Раҳмон бо намояндаи Бонки Урупоӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Масару Хонма, мудири бахши кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистони Бонки Урупоии Таҷдид ва Тавсеъа (БУТТ) дидор кардааст.
Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор ба оқои Раҳмон Ричард Ҷоунз, намояндаи ҷадиди БУТТ дар Тоҷикистон муъаррифӣ шудааст.
Ҷонибҳо дар мавзӯъи вазъи ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди молии байналмиллалӣ ва роҳҳои тавсеъаи он табодули назар кардаанд. Таъкид шудааст, ки минбаъд ҷонибҳо имкон доранд дар бахшҳои энержӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ, таъмини об ва бахши хусусӣ ҳамкорӣ кунанд.
Таъкид шудааст, ки дар тӯли солҳои ҳамкорӣ Тоҷикистон аз БУТТ ба маблағи ҳудуди 400 милюн дулор эътиборот дарёфт кардааст. Феълан дар Тоҷикистон бо истифода аз эътибороти 112-милюндулории БУТТ ҳафт тарҳи мухталиф мавриди иҷро қарор доранд.
