Даъвои моликони бозори "Ином" бо яке аз пайвандони раисҷумҳур

  • 28 Апрел, 2014
Бозори "Ином"Image copyrightBBC World Service
Image caption Гуфта мешавад, ки дар бозори "Ином" ҳудуди як ҳазор нафар аз сокинони ноҳияи Шаҳритус ва ҳумаи он фаъъолият доранд

Иддае аз моликон ва тоҷирони бозори мавсум ба "Ином"-и ноҳияи Шаҳритус, дар ҷануби Тоҷикистон, аз дахолати ба гуфтаи онҳо ғайриқонунии яке аз пайвандони раисҷумҳур дар фаъъолияти тиҷорияшон шикоят кардаанд.

Ин афрод бо интишори баёнияе, ки нусхае аз он дар ихтиёри Би-би-сӣ низ қарор гирифт, Муҳибулло Саъдуллоев, бародарзани раисҷумҳур ва Холназар Достиев, аз шарикони ӯро, ба нақзи ҳуқуқи шаҳрвандии худ ва талош барои тасарруфи амволашон муттаҳам кардаанд.

Дар ин баёния омадааст, ки ҳарчанд раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба фароҳам кардани шароити тиҷорат таъкид мекунад, аммо бархе аз афроди алоҳида аз иҷрои ин амр монеъ мешаванд.

Дар баёния шумори туҷҷор ва соҳибкорони бозори “Ином”, ки зери он имзо гузоштаанд, ҳудуди 400 нафар хонда шудааст. Иддаъои аслии ин афрод алайҳи Муҳибулло Саъдуллоев ва Холназар Достиев, ду тоҷир дар вилояти Хатлон, матраҳ шуда, ки гӯё ҳадаф доранд ин бозорро ба моликияти худ дароваранд.

Иддаъои тоҷирони бозори “Ином” то кунун дар додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон ва додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуда ва қарор аст рӯзи 30 апрел ҷаласаи дигаре дар додгоҳ дар ин бора доир шавад.

Аз сӯйи дигар, намояндаи оқоён Достиев ва Саъдуллоев дар додгоҳ иддаъои моликони кунунии бозори “Ином” ва ҷонибдорони онҳоро бепоя медонад.

Тибқи баёнияи моликон ва тоҷирони бозор, Сановбар Абдуллоева, яке аз моликони он, ки 60 дарсади саҳоми бозори “Ином” ба ӯ мутаъаллиқ аст ва Бурҳон Абдуллоев, шавҳараш, дар соли 2005 дар музоядае бинои фарсудаи корхонаеро дар ноҳияи Шаҳритус хусусӣ кардаанд.

Ин хонавода баъд аз бозсозии ин бино бозореро бо ҷалби даҳҳо нафар аз сокинони ин ноҳия таъсис додаанд ва Муҳибулло Саъдуллоев, яке аз дӯстони шавҳари хонуми Абдуллоева, ки бародарзани раисҷумҳур низ ҳаст, дар харидории бозор ба моликони бозор "машваратҳои беғаразона" додааст.

Дар иваз аъзои хонаводаи Абдуллоев низ мегӯянд, ки ҳаққи хидмати ӯро ба ҷо овардаанд. Аммо ахиран оқои Саъдуллоев хосттори ба моликияти худ даровардани саҳоми бозори “Ином” шудааст. Хонаводаи Абдуллоев мегӯянд, ки таҳти фишору таҳдид қарор гирифта ва аз амнияти аъзои хонаводааш худ нигаронанд.

Дар тӯли ду соли ахир фаъъолияти ин бозор чандин бор аз сӯйи ниҳодҳои мухталифи интизомӣ, аз ҷумла кормандони додситонӣ таҳти таҳқиқ қарор гирифта, вале хонуми Абдуллоева афзудааст, ки дар ин робита кормандон ҳеҷ навоқисеро пайдо накардаанд.

Хонуми Абдуллоева бо пешниҳоди як мадрак хабар медиҳад, ки дар соли 2012 хонаводаи ӯ яке аз биноҳои бозорро ба Холназар Достиев, ки хешованди Муҳибулло Саъдуллоев хонда мешавад, туҳфа кардаанд.

Аммо бо ин вуҷуд, тибқи иддаъои хонуми Абдуллоева, Муҳибулло Саъдуллоев, бародарзани раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз мақоми худ қасди комилан гирифтани ин бозорро доштааст.

Ин дар ҳолест, ки Қосим Қосимов, намояндаи Холназар Достиев ва Муҳиббуло Саъдуллоев, ҷониби дигари даъво дар додгоҳ, ин иддаъоро бепоя мехонад. Ба гуфтаи ӯ, дар бозсозии бозори “Ином” оқои Саъдуллоев низ ба унвони яке аз сармоягузорони аслӣ саҳм доштааст.

Оқои Қосимов мегӯяд, ки оқоён Саъдуллоев ва Достиев ҳарду тоҷир ҳастанд ва ҳеҷ гуна фишореро бо истифода аз мавқеъият ё мақоми худ ба хонаводаи Абдуллоев ворид накардаанд.

Вай рӯзи чаҳоршанбеи 23 апрел дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт: "Бо ин вуҷуд, мо қасд надорем, ки тамоми саҳоми ин бозорро бигирем ва муваккилони ман танҳо барои 50 дарсади он талош мекунанд. Зеро дар бунёди он ва таъмини мошинҳо барои сохтани бозор саҳм доштанд."

Оқои Қосимов мегӯяд, ки барои таъйиди суханони худ мадорике дар ихтиёр дорад: "Ҳоло бисёре аз соҳибкорони бозори “Ином”, ҳудуди 40 нафар, ки дар бозсозии бозор нақш доштанд, аз хонаводаи Абдуллоевҳо маболиғи худро тақозо доранд. Мо хостем, ки 50 дарсади саҳомро дар ихтиёри Достиев гузоранд ва бақия миёни Абдуллоевҳо ва соҳибкорони дигар тақсим шавад."

Қарор аст, ки даъвои ҷонибҳо рӯзи 30 апрел дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Баҳси додгоҳӣ бар сари моликияти бозори “Ином” дар вилояти Хатлон дар ҳолест, ки ду рӯз қабл Додгоҳи шаҳри Турсунзода, дар ғарби Тоҷикистон, даъвои Ожонси мубориза бо фасод дар мавриди бозори мавсум ба “Саховат”-ро ба суди ожонс ҳал кард ва ба ин тартиб, қарор аст ин бозор ба моликияти давлатӣ бозгардад.

Ин бозор ба яке аз пайвандони Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, таъаллуқ дошта ва коршиносон ин иқдоми давлатро талоше барои заъиф кардани намояндагони аҳзоби мухолифи давлат аз ҷиҳати молӣ арзёбӣ кардаанд.

Аз сӯйи дигар, аз авоили моҳи март то ҳол шаш корхонаи мутаъаллиқ ба Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ ва вазири саноеъи пешин ва пайвандонаш, дар қазоёе мушобеҳ аз сӯи давлат мусодира шудаанд.

Матолиби муртабит