Баррасии қазияи бозори муртабит ба Кабирӣ ба ҳафтаи оянда мавкул шуд

  • 11 Апрел, 2014
Муҳиддин КабирӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Муҳиддин Кабирӣ ба унвони раҳбари як ҳизби умдаи мухолифи давлат барои бори нахуст вориди як муҳокимаи додгоҳии иқтисодӣ шуд

Идомаи баррасии қазияи бозори "Саховат", ки пайвандони Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумлаи моликони он ҳастанд, ба ҳафтаи оянда мавкул гузошта шуд.

Қозии ин парванда рӯзи панҷшанбе дар додгоҳи шаҳри Турсунзода эълом кардааст, ки натиҷаи ниҳои баррасии инқ азия рӯзи душанбеи 14-уми апрел эълом хоҳад шуд.

Далели чунин таъвиқро масъулони додгоҳ ба зарурати омӯзиши ҷузъиёти тоза дар мавриди ин парванда муртабит донистанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва шавҳари Мастура Раҳаматуллоева, соҳиби феълии ин бозор, дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ эълом дошт, ки омода аст ба таври ройгон як майдончаи варзишӣ бунёд кунад, вале мақомот аз тахриби ин бозор даст бикашанд.

Ва гуфт: "Дар ин бозор дастикам 700 нафар машғули тиҷорат ҳастанд ва тахриби маҳалли кори ин афрод раво нест."

Намояндаи Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар ин додгоҳ изҳор доштааст, ки замини ин бозор ба таври ғайриқонунӣ хусусӣ карда шудааст ва ин парванда аз ангезаҳои сиёсӣ орӣ аст.

Ба гуфтаи вай, тибқи муқаррароти қавонини Тоҷикистон, барои хусусисозии муассисоти фарҳанг ва омӯзишу парвариш иҷозаи Ҳукумати Тоҷикистон лозим аст. Вале ба ҳангоми хусусисозии бозори “Саховат” дар ноҳияи Турсунзода ин муқаррарот иҷро нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳии 10-уми апрел иддаъо карда, ки барои таъйини арзиши феълии бозори “Саховат” бояд коршиносони хориҷӣ даъват шаванд.