Додгоҳ хариду фурӯши бозори “Саховат”-ро ғайриқонунӣ хонд
Image copyrightBBC World ServiceДодгоҳи шаҳри Турсунзода, дар ғарби Тоҷикистон, даъвои масъулони Ожонси мубориза бо фасоди ин кишвар алайҳи соҳибмулки бозори мавсум ба “Саховат”-и ин шаҳрро ба суди ожонсӣ ҳал кард.
Муҳаббат Пардаева, қозии ин парванда рӯзи душанбеи 21 апрел мадорики хариду фурӯши ин бозорро ғайриқонунӣ хондааст.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи соҳибмулки бозори “Саховат”, рӯзи душанбе, 21 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз ин ҳукми додгоҳи шаҳри Турсунзода ба Додгоҳи олии истинофӣ шикоят хоҳанд бурд.
Оқои Ёров мегӯяд, ки мадорики хариди бозор комилан қонунӣ буда ва ӯ афзуд: "Масъулони давлатӣ баъд аз он ки фаҳмидаанд, ки бозор ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъаллуқ дорад, амдан парванда барои бекор кардани мадорики хариду фурӯши онро боз карданд."
Афзун бар ин, оқои Ёров мегӯяд, ки Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аслан ҳаққи боз кардани парванда дар ин робитаро надорад.
Ӯ мегӯяд: "Соҳибмулкони бозор бамавқеъ молиётро ба давлат месупориданд ва ҳеҷ нақзи қонуне дар фаъъолияти ин бозор набудааст. Дар ин бозор беш аз як ҳазор нафар аз сокинони шаҳри Турсунзода фаъъолият мекарданд."
Гуфта мешавад, ки ҳарчанд яке аз дархостҳои ҷониби шокӣ бунёди варзишгоҳ дар ҷои бозори "Саховат" будааст, зеро дар гузашта дар ин ҷо варзишгоҳ будааст. Аммо масъулони давлатӣ ба тоҷирон ва кормандони дигари бозор ваъда додаанд, ки фаъъолияти тоҷирон дар он идома хоҳад дошт.
Дар ҳамин ҳол, масъулони ҲНИТ дар сойти расмии худ зимни пахши хабар дар мавриди бозори "Саховат"-и шаҳри Турсунзода, ин парвандарои суфоришӣ хонданд.
Ҳамчунин, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар ҷараёни мурофеъаи додгоҳӣ ин парвандаро "фармоишӣ ва дорои ангезаҳои сиёсӣ" хондаааст.
Оқои Кабирӣ муътақид аст, ки давлат ба дороиҳои ӯ ва пайвандонаш чашм дӯхтааст, то ӯ ва ҳизби ӯро тазъиф кунад, зеро тавре, ки оқои Кабирӣ гуфтааст, ниҳодҳои зирабт фармони баррасии фаъъолияти ширкатҳо ва корхонаҳои дигареро, ки ба пайвандони ӯ таъаллуқ доштаанд, содир кардаанд.
Содир шудани ҳукми додгоҳи шаҳри Турсунзода дар мавриди амволи оқои Кабирӣ дар ҳолест, ки тайи ду моҳи ахир шаш корхонаи мутаъаллиқ ба Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ ва вазири саноеъи пешин ва пайвандонаш дар қазоёе мушобеҳ аз суи давлат мусодира шудаанд.
Корхонаҳои мавсум ба "Гулистон", "Тоҷикмармар", "Тоҷсохтмон-байналмилал", "Электроника М" ва фурӯшгоҳи мавсум ба "Модная точка" аз ҷумлаи дороиҳои мутаъаллиқ ба худи оқои Саидов ва пайвандонаш ҳастанд, ки дар як моҳи ахир бо ҳукми додгоҳҳои мухталиф мусодира шудаанд.
Зайд Саидов тобистони соли гузашта дуруст пас аз он ки дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ эълом кард як ҳизби сиёсии ҷадид дар Тоҷикистон таъсис медиҳад, аз сӯйи маъмурони Ожонси мубориза бо фасод боздошт ва ба иртикоби ҷароими мутаъаддиде муттаҳам шуд.
