Кабирӣ: 'Бадномкунии аҳзоби мухолиф ба суди ҷомеъа нест'
Image copyrightBBC World ServiceРаҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯяд, ки бадномкуниҳо ва душмантарошиҳо аз аҳзоби сиёсии мухолиф метавонад ба сулҳу сабот дар ин кишвар латма занад.
Муҳиддин Кабирӣ бо ишора ба вазъият дар Укройн ҳамчунин гуфт, ки дар ҷомеъаи Тоҷикистон низ қувваҳое ҳастанд, ки бо бадномкунии аъзои аҳзоби сиёсӣ қасд доранд авзоъро вахим созанд.
Дар баёнияи оқои Кабирӣ, ки баъд аз зӯҳри рӯзи душанбе пахш шуд, омадааст: "Ҳадафи аслӣ аз ин иқдом эҷоди фазои адовату кина ва нобоварӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа, бахусус нерӯҳои асосии сиёсии кишвар, мебошад."
Оқои Кабирӣ рӯзи сешанбеи 18 март дар суҳбат бо Би-би-сӣ ҳадаф аз пахши ин баёнияро чунин шарҳ дод: "Чун эҳсос кардем, ки дар ҷомеъа як раванди бисёр носолим шурӯъ шудааст. Дар остонаи таҷлил аз ҷашни Ваҳдат ва бо дарназардошти вазъияте, ки дар минтақаи мо вуҷуд дорад, баъзе доираҳо мехоҳанд боз руҳияи солҳои 1990-ро ба кишвари мо баргардонанд ва ҷомеъаро ба ду тараф тақсим кунанд."
Оқои Кабирӣ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир ин "бадномкуниҳо ва душмантарошиҳо" ба суди ҷомеъа набуда ва авоқиби нохуберо дар Тоҷикистон ба бор хоҳад овард.
Вай мегӯяд, ки дар ин баёния аз ҳамсаффонаш, яъне аз аъзои ҲНИТ, даъват кардаст, то ба чунин “иғвоҳо” таваҷҷуҳ накунанд ва сиёсати сабру таҳаммулро, ки ин ҳизб пеша кардааст, аз даст надиҳанд.
Раҳбари ҲНИТ ба ин суол, ки оё имкон дорад бо чунин иқдомот бархе аз гурӯҳҳо қасди манъи фаъъолияти ин ҳизбро дошта бошанд, чунин посух дод, ки ба эҳтимоли зиёд дар зеҳни баъзе аз масъулони давлатӣ чунин нияте вуҷуд дорад.
Аммо вай афзуд: "Вале ман мутмаиннам, ки боз ҳам дар ҳукумати мо ақлҳои солим вуҷуд доранд ва афроди ватандӯсте ҳастанд, ки оқибати ин корро хуб дарк мекунанд ва ҳеҷ вақт иҷоза нахоҳанд дод, ки Тоҷикистон аз қолаби сулҳу ваҳдат берун биёяд. Вале эҳсос мешавад, ки вақтҳои охир гурӯҳи иғвогар дар бадани ҳокимият ҷасорати бештар пайдо карда, имконоти бештареро гирифтаанд ва тавонистаанд дар дохили мақомот зеҳниятеро ба вуҷуд оваранд, ки бояд аз Ҳизби наҳзати ислом душман тарошид."
Вале оқои Кабирӣ мегӯяд дар сурате ки ба ҳар баҳонае аз фаъъолияти расмии ин ҳизб ҷилавгирӣ шавад, вокуниши аъзои ин ҳизб дар чорчӯби қонуни Тоҷикистон бо манофеъи давлат ва миллат ва бо риъояти ҳуқуқи аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ, созгор хоҳад буд.
Баёнияи раҳбари ҲНИТ дар ҳоле пахш мешавад, ки рӯзи 15 март дар сойти "Youtube" видиуе ҳудуди 12-дақиқаӣ пахш шуд, ки дар он аъзои ин ҳизб ба ҷиноёти мухталиф муттаҳам шудаанд.
Дар ин филм, ки "Дар сояи мунофиқони ҲНИТ" унвон дорад, раҳбарони ин ҳизб ва бархе аз аъзои он ба бегонаситезӣ, тамаъҷӯӣ ва сиёсатҳои зиддидавлатӣ муттаҳам шудаанд. Дар ин видеу ҳраҳбарони қаблии ҲНИТ низ дар сар задани ҷанги дохилии панҷсола дар Тоҷикистон муқассир хонда шудаанд.
Аз тобистони соли 2013 ба ин сӯ телевизюнҳои давлатӣ низ барномаҳоеро дар мавриди даст доштани аъзои Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар ҷароими мухталиф пахш кардаанд. Ҳарчанд масъулони ҲНИТ дар вокуниш ба ин барномаҳо изҳор медоранд, ки бархе аз ин афрод аъзои ин ҳизб нестанд.
Дар пойизи соли 2013 Умедҷон Тоҷиев, яке аз аъзои ин ҳизб, дар вилояти Суғд, аз сӯйи кормандони интизомӣ боздошт шуд. Баъдан хабар расид, ки ӯ худро аз табақаи севуми сохтмони идораи пулис ба зер андохтааст.
Вай баъд аз ҳудуди се моҳ дар дармонгоҳи вобаста ба боздоштгоҳ даргузашт. Пайвандони ӯ маъмурони пулиси маҳаллиро ба шиканҷаи ӯ муттаҳакм карданд. Вазорати умури дохила низ аз танбеҳи иддае аз кормандонаш ба дунболи ин воқеъа хабар дод, аммо омилони шиканҷа кашф ва муҷозот нашудаанд.
Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, ки ин ҳизб беш аз 40 ҳазор аъзо дорад ва дар Тоҷикистон садҳо нафар аз сокинон аз ин ҳизб ҷонибдорӣ мекунанд.
