Мушкили узви ҲНИТ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯяд, ки мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Ховалинг яке аз аъзои ин ҳизбро дар изои додани мадраке ба тарки ҳизб водор кардаанд.
Мирзошариф Наимов, масъули ин ҳизб дар ин ноҳия, гуфтааст, ки намояндагони ҳукумати маҳаллии ҷамоъати “Ҷонбахт”-и ноҳияи Ховалинг аз як узви ин ҳизб дархост кардаанд, ки расман аз узвияташ даст кашад.
Ба гуфтаи ӯ, ин узви ҲНИТ, ки номаш ифшо нашудааст, барои дарёфти мадраки маҳалли иқомат ба идораи ҷамоъат муроҷеъа карда ва масъулон дар изои ироаи ин мадрак ӯро ба тарки узвияти ҳизб даъват кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси қавонини Тоҷикистон, суиистифода аз мансаб ё мақоми хидматӣ барои тарвиҷи манофеъи як ҳизб, аз ҷумла ҳизби ҳоким, дар ин кишвар ҷурм маҳсуб мешавад.
Ба гуфтаи оқои Наимов, падари ин узви ҲНИТ аз масъулони ҳизб хоҳиши барканории писараш аз ин ҳизбро кардааст. Ба гуфтаи ин мард, барои узвияти фарзандаш дар ин ҳизб мақомоти маҳаллӣ хонаводаи онҳоро мавриди таъқибу фишор қарор медиҳанд.
Масъулини ҲНИТ ба дархости ин мард посухи мусбат додаанд ва рух додани чунин воқеъаро дар кишваре, ки расман демукротик хонда мешавад, беъадолатӣ номидаанд.
Маҳмадалии Ҳайит, муъовини раҳбари ҲНИТ, ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар солҳои гузашта мавориди фишор бар аъзои ҳизби онҳо дар дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон низ вуҷуд дошт.
Аз сӯйи дигар, Қамариддин Афзалӣ, раҳбари ин ҳизб дар вилояти Хатлон, низ гуфта буд, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Сарбанди ин вилоят қабл аз оғози муборизот барои интихоботи раёсати чумҳурӣ мавориди таъқиби аъзои ҳизби онҳо афзоиш ёфта буд.
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, ки мақомоти маҳаллӣ бисёре аз кормандони давлатӣ, донишҷён ва омӯзгоронро ба таври иҷборӣ водор мекунанд, ки ба узвияти ҳизби халқи демукрот ё ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон пайванданд. Аммо масъулони ин ҳизб ин иддаъоро бепоя мехонанд.
