Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон маркази диншиносӣ таъсис дод

  • 15 Октябр, 2013
Раҳматилло Зойиров
Image caption Раҳматилло Зойиров аз мунтақидони аслии Президент Раҳмон маҳсуб мешавад

Дар остонаи баргузории иди Қурбон Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) дар сохтори худ Маркази диншиносӣ ва таҳаммулпазирӣ таъсис додааст.

Дар ин бора Раҳматилло Зойиров дар сафҳаи худ дар сойти иҷтимоъии Фейсбук хабар дод.

Оқои Зойиров нахуст ҳамватанони худро бо фарорасии иди Қурбон табрик гуфта ва сипас аз таъсиси ду маркази ҷадид дар сохтори ҲСДТ - Маркази диншиносӣ ва таҳаммулпазирӣ ва Маркази ҳифзи иҷтимоъиву ҳуқуқӣ хабар додааст.

Вай афзуда: "Метавон чандин бор Шуморо ба муносибати ин ид табрик гуфта, дуъогӯӣ кунам, ки Парвардигор миллат ва кишвари моро дар фазои сулҳу субот эмин нигаҳ дорад, аммо дар ин маврид метавон таъкид намоям, ки барои мардуми кишвар фарҳанги ҳуқуқӣ боз заруритар мебошад, азбаски бе ин фазои сулҳу суботро эмин нигаҳ доштан, интихоби президенти сазовор ғайримумкин мебошад."

Таъсиси маркази ҳифзи иҷтимоъиву ҳуқуқӣ дар сохтори ҲСДТ-ро соҳибназарон як амри маъмулӣ медонанд. Зеро ироаи кумакҳои ҳуқуқӣ ба сокинон як ҷузъи фаъъолиятҳои ҳамарузаи ҲСДТ арзёбӣ мешавад.

Вале таъсиси Маркази диншиносӣ ва таҳаммулпазирӣ дар сохтори ҳизби сиёсие, ки худро секулор медонад, то ҷое ғайримунтазира аст. Соҳибназарон мегӯянд, ки дар ин авохир дар фаъъолияти сусиёл-демукротҳо лағзише ба самти мазҳабгароӣ мушоҳида мешавад.

Аз ҷумла, соҳибназарон таъсиси Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб якҷо бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва пешбарии номзади воҳид барои интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳуриро гоме дар ростои мазҳабгароии Ҳизби сусиёл-демукрот арзёбӣ мекунанд.

Аз сӯйи дигар, масъулони ҲСДТ мегӯянд, ки наметавонанд аз ин нукта сарфи назар кунанд, ки беш аз 90 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд ва зиндагии ин афрод бар пояи арзишҳои исломӣ сурат мегирад.

Шояд ба ин далел аст, ки Раҳматилло Зойиров зимни табрики мусалмонони Тоҷикистон бо фарорасии иди Қурбон навиштааст: "Асбаски иди Қурбон ҳар яки моро дар руҳияи нисор, адолат, роҳи ҳақ ва муҳаббат тарбият намуда, Худованди мутаъол бандагони худро бо роҳҳои гуногун мавриди имтиҳон қарор медиҳад ва ин ид яке аз суннатҳои илоҳист."

Дар идома раҳбари сусиёл-демукротҳо менависад: "Аз Худованди мутаъол боз таъкид (илтиҷо) мекунам, ки хидмати моро назди ватану мардум қабул, ҳифз ва ба даргоҳат қабул намо."

Зимнан, Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон аз аҳзоби умдаи мухолифи давлат дониста мешавад, ки бахши аъзаме аз фаъъолони онро қонундонҳо ташкил медиҳанд.

Раҳматилло Зойиров, ки замоне ба унвони мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон ифои вазифа кардааст, ҳоло аз мунтақидони аршади Президент Раҳмон шинохта мешавад.

Матолиби муртабит