Боздошти як фаъъоли ҲНИТ дар шимоли Тоҷикистон

  • 16 Октябр, 2013
ҲНИТ
Image caption ҲНИТ аз боздошти як фаъъоли худ дар шимоли Тоҷикистон хабар дод

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз боздошти як узви фаъъоли худ дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон хабар дод.

Тавре ки дафтари матбӯъотии ин ҳизб иттилоъ дод, Воҳидхон Қосиддинов субҳи рӯзи сешанбеи 15 октябр баъд аз намозгузорӣ дар яке аз масоҷиди шаҳри Исфара аз сӯйи кормандони интизомӣ боздошт шудааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯйи ҲНИТ, мегӯяд, ки оқои Қосиддинов дар иди Қурбон ба аёдати пайвандонаш дар вилояти Суғд рафтааст.

Оқои Сайфуллозода дар бораи ҷузъиёти бештари ин воқеъа гуфт: "Оқои Қосиддинов дар намози иди Қурбон ширкат карда ва танҳо дархост кардааст, ки ваъзхониро кам карда, ба намозгузорӣ шурӯъ кунанд. Ва ҳамин ҳарфҳои ӯ сабаб шудааст, ки баъд аз анҷоми намозгузорӣ кормандони интизомӣ ӯро боздошт карда ва ба яке аз идораҳои вижа бурдаанд."

Оқои Сайфуллозода мегӯяд, ки Воҳидхон Қосиддинов ҳамчунон дар ин идора қарор дорад ва масъулони пулис бо даъвати яке аз қозиҳои Исфара қасд доранд ҳукми ҳабси ӯро содир кунанд.

Аммо вай афзуд: "Оқои Қосиддинов дархости омадани вакили мудофеъи худро ба ин идора карда ва аз ин рӯ кормандони интизомӣ ҳукми боздошти ӯро наметавонанд ҳоло содир кунанд."

Масъулони ин ҳизби мухолифи давлат ин амалкарди кормандони интизомиро шадидан маҳкум карда ва дархости озодии узви фаъъоли ҳизби худро кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Иқбол Тешаев, сухангӯйи шаҳрдории Исфара мегӯяд, ки Воҳидхон Қосиддинов, сокини шаҳри Душанбе ва зодаи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара суханрониҳои Пуршариф Амаков, имомхатиби масҷидро дар мавриди шеваи намозгузорӣ барои ҷавонон дар ҳузури беш аз се ҳазор нафар намозгузорон шарҳ медод, қатъ кард ва тартиботи ҷамъиятро вайрон кардааст.

Оқои Тешаев мегӯяд, ки Воҳидхон Қосиддинов бо моддаи 460 қонуни шаҳрвандии Тоҷикистон муттаҳм дониста шуда ва барои 15 рӯз маҳкум ба ҳабси маъмурӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, ки дар аксари масоҷиди ҷомеъи Тоҷикистон имомхатибон қабл аз намозгузорӣ мавъизаҳоеро барои намозгузорон эрод мекунанд, ки аз сӯйи Шӯрои уламои исломӣ дар соли 2011 ба онҳо фиристода шудааст.

Коршиносон мегӯянд, ки дар бархе аз масоҷид имомхатибон ба ҳангоми мавъизахонӣ ба таблиғи "дастовардҳои" давлати кунунӣ ва раҳбари он ҳам мепардозанд.

Бо таваҷҷуҳ ба он ки дар ин рӯзҳо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, имрӯзҳо дар шимоли Тоҷикистон ба сар мебарад, гуфта мешавад иддае аз имомхатибон дар масоҷиди Исфара мавъизаҳои худро ба таблиғи раҳбари кишвар ихтисос додаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, оқои Раҳмон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, аз ҳама гуна васоил ва манобеъ барои таблиғи номзадии худ истифода мекунад, дар ҳоле ки аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф аз ин манобеъ маҳруманд.

Матолиби муртабит