Интихобот ва пойгоҳ: Душанбе чаро ба Маскав 'на' намегӯяд?

  • 13 Октябр, 2013
пойгоҳи Русия
Image caption Мувофиқатнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия дуруст як моҳу як ҳафта пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон тасвиб шуд

Ибтидои моҳи октябри соли равон, баъд аз панҷ соли музокироти зоҳиран сангин миёни Маскаву Душанбе, порлумони Тоҷикистон мувофиқатнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русияро то соли 2042 ба тасвиб расонд.

Бо ин рӯйдод, шарти музокиракунандаҳои тоҷик дар мавриди пардохти 300 милюн дулор барои истифода аз қаламрави ин кишвар тавассути Русия мисли ҳубоби рӯйи об кафид, зеро Маскав ҳозир нашуд, ки ин маблағро ба Тоҷикистон пардозад.

Ҳамин тур, пешбинии коршиносон дар мавриди ин ки Душанбе бо наздик шудани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шартҳои Русияро ба иҷро мерасонад, дуруст аз об даромад. Онҳо дар истинод ба таърихи 20 соли гузашта мегуфтанд, ки дар тӯли даврони истиқлол сарнавишти мардуми тоҷик, бахусус интихоботи раёсати ҷумҳурӣ беш аз ҳама ба пойгоҳи Русия муртабит аст.

Агар дар оянда Мувофиқатнома дар бораи пойгоҳи Русия ба далоили мухталиф бознигарӣ нашавад, дар тӯли наздик ба 30 соли дигар вобастагии Тоҷикистон ба Русия ва пойгоҳаш аз байн нахоҳад рафт.

Ин пойгоҳ, ки барои ду даҳсола дарди сар буду боз шояд се даҳаи дигар бимонад, бояд баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ба ихтиёри давлати тозатаъсиси Тоҷикистон мегузашт, аммо ин кор сурат нагирифт. Чаро? Ин мақола кӯшишест барои посух гуфтан ба ҳамин савол.

'Тақсими мероси' Шӯравӣ

Лашкари 201-и Шӯравӣ дар даврони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум таъсис ёфт ва баъдан ба Тоҷикистон интиқол дода шуд. Дар охири соли 1979 ҷузъу томҳои он вориди Афғонистон шуда, наздик ба 10 сол бо муҷоҳидини афғон ҷангиданд ва дар моҳи феврали соли 1989 аз онҷо хориҷ шуданд. Полкҳои (ҳангҳои) ин лашкар ба қароргоҳҳои қаблии худ дар Душанбе, Кӯлоб ва Қурғонтеппа мунтақил шуданд.

Image caption Тоҷикистон аз артиши қудратманди Шӯравӣ ҳеч меросе набурд

Дуруст баъди як сол дар Душанбе воқеъаҳои фоҷеъабори баҳманмоҳ рух дод ва бо фармони Маскав полк ё гарнизони (подгони) мустақар дар Душанбе барои таъмини амният дар пойтахти Тоҷикистон тонкҳои худро ба кӯчаву хиёбонҳо баровард.

Аммо дар охири соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯпошид. Тибқи тавофуқи ҷамоҳири шӯравии собиқ, ҳамаи ҷузъу томҳои низомие, ки дар қаламрави ин ҷумҳуриҳо мустақар буданд, мебоист ба ихтиёри онҳо гузаранд. Аз ин рӯ, Укройн се ҳавзаи низомии Киев, Прикарпат ва Одесса, новгони (флоти) мустақар дар дарёи Сиёҳро ба моликияти худ даровард.

Танҳо як округи (ҳавзаи) Киев агар марказҳои таълимиву полигонҳоро (размоишгоҳҳо) ба назар нагирем, 176 мушаки СС-19 ва СС-24, 1200 кулоҳаки ҳастаӣ, 43 ҳавопаймои стратегии (роҳбурдии) Ту-95 ва Ту-160, ки дорои 600 мушак буданд, 20 лашкари хушкигард ва тонкӣ, 4013 адад тонки Т-64 ва Т-72, 5050 БМП-1 ва БМП-2, 3 лашкари ҳавоӣ-десантӣ (таковарӣ), 3 лашкари артиллерӣ (тӯпхонаӣ), 4 сипоҳ нирӯҳои ҳавоӣ (230 фарванд ҷанганда ва 620 ҳавогарди таҳоҷумӣ) 6 ҳанги чархболҳо, 1 сипоҳи зиддиҳавоӣ, 300 киштии ҷангиву ёрирасони Новгони дарёи Сиёҳ ва ғайраро аз они худ кард.

Белорус як ҳавзаи низомиро бо тамоми ҷузъу томҳои нирӯҳои ҳавоӣ ва зиддиҳавоӣ миллӣ сохт. Мулдовӣ ду лашкари вобаста ба сипоҳи 14-ум, Озарбойҷон тамоми таслиҳоти сипоҳи 4-ум, сипоҳҳои 19-ум ва 34-уми нирӯҳои зиддиҳавоии Шӯравиро моли худ эълом кард.

Ба ихтиёри Арманистон сипоҳи 7-ум гузашт. Гурҷистон сипоҳи (корпуси) 31-умро ҳамроҳ бо ду лашкар гирифт. Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ таслиҳоту фанноварии ҳавзаҳои низомии Туркистон, Осиёи Миёна, Приволжск ва Уралро, ки дар қаламрави ин 5 ҷумҳурӣ қарор доштанд, аз они худ карданд.

Дар ин тақсимот, асосан Қазоқистон ва Узбекистон суд бурданд. Ба Қирғизистону Туркманистон ҳам аз мероси Артиши Шӯравӣ каму беш расид. Вале Тоҷикистон танҳо ҷумҳурии собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки аз ин мерос комилан бебаҳра монд.

Мухолифати Ашӯров

Дар моҳи апрели соли 1992, дар иҷлоси 13-уми Шӯрои Олӣ (порлумони вақти Тоҷикистон) раисҷумҳур Раҳмон Набиев сарфармондеҳи Нерӯҳои Мусаллаҳ эълом шуд ва ба ӯ унвони генерал-полковник (сарлашкар) дода шуд. Аммо ин сарфармондеҳ мухолифи таъсиси Артиши миллӣ буд.

Image caption Раҳмон Набиев (аз чап), раисҷумҳури вақт, бо миллӣ кардани лашкари 201-и Шӯравӣ дар Тоҷикистон мухолиф буд

Ӯ иддаъо мекард, ки Тоҷикистон бояд ҷузъи Нирӯҳои муттаҳидаи Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд боқӣ бимонем, ҳол он ки шумори ҷонибдорони ин ниҳоди низомӣ дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ моҳ ба моҳ камтар мешуд.

Аз ин рӯ, дар баҳори соли 1992 аъзои порлумони вақт аз президент Раҳмон Набиев хостанд, ки ҳарчи зудтар лашкари 201-умро моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кунад. Вале ӯ баҳона пеш овард, ки барои нигоҳ доштани он 3-3,5 милюн рубл лозим асту Тоҷикистон ин маблағро надорад.

Чун Раҳмон Набиев ба дархости аъзои порлумон бетаваҷҷуҳӣ кард, раёсати Шӯрои Олӣ рӯзи 22-юми июни соли 1992 баёнияе пахш кард ва аз раисҷумҳур дархост намуд, ки тамоми ягонҳои низомии мустақар дар қаламрави Тоҷикистонро фавран ба тобеъияти ин кишвар дароварад.

Сабаб ин буд, ки 18-уми майи ҳамон сол сарфармондеҳи Нерӯҳои мусаллаҳи муттаҳидаи Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд артишбуд (маршал) Шапошников ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмон Набиев, номае расмӣ навишт ва аз ӯ хост, ки лашкари 201-ро ба моликияти Тоҷикистон дароварад.

Аммо афсарони подгони (гарнизони) Душанбе, ки асосан рус ё русзабон буданд, ҷаласае доир карданд ва эълом доштанд, ки аз хидмат барои Тоҷикистон сарпечӣ мекунанд. Онҳо баёнияи порлумони Тоҷикистонро низ маҳкум карда ва изҳор доштанд, ки ба номи ин ҷумҳурии тоза ба истиқлол расида савганд ёд намекунанд.

Сарҳанг Муҳриддин Ашӯров, фармондеҳи лашкари 201, ки дар оғози ҷанги дохилӣ ҷойгузини Вячеслав Заболотний шуда буду рутбаи женеролиро бо фармони раисҷумҳур Раҳмон Набиев гирифта буд, мухолифати худ бо таъсиси Вазорати дифоъи Тоҷикистонро қотеъона иброз дошт.

Ӯ дар як мусоҳибаи худ бо ҳафтаномаи "Адолат" гуфт, ки Тоҷикистон ҳақ дорад на танҳо ягони низомӣ, балки ҷангандаву ҳавопаймо ва киштиҳоро аз Артиши Шӯравӣ мерос бигирад, аммо ба қавли ӯ, "ҳангоме ки ҳавзаи низомии Туркистон фурӯ пошид, касе (аз ин кишвар) барои "тақсими мерос" (ба Маскав) нарафт."

Ҳамзамон, женерол Ашӯров эълом кард, ки таъминоти молии лашкари 201-ум ба уҳдаи Русия аст, зеро "кулли он молу техникае, ки дар ягони 201-уми Душанбе мавҷуд аст, моли Русия ба ҳисоб меравад."

Ба қавли фармондеҳи лашкари 201, сабаб он будааст, ки байни Тоҷикистон ва Русия дар бобати соҳиби ин лашкар шудани Тоҷикистон мо ҳеҷ паймоне ба имзо нарасидааст.

Женерол Ашӯров бар ин бовар буд, ки Тоҷикистон 10-12 соли дигар бояд сабр кунад, то соҳиби артиши миллии худ шавад. Дар ин давраи гузариш, ба гумони ӯ, бояд артиш таҳти тобеъияти Русия ва Тоҷикистон қарор бигирад.

Бо ин иддаъои фармондеҳи тоҷики лашкари "аҷнабӣ" раиси Кумитеи порлумон Абдулло Ҳабибов мухолифат кард. Ӯ дар тобистони соли 1992 гуфт, ки таҷҳизот ва амволе, ки дар ихтиёри ягонҳои низомии мустақар дар Тоҷикистон аст, маблағи 200-300 милёрд рублро ташкил медиҳад.

"Оё барои нигоҳ доштани (артиш, ки барои таъмини молии он ҳамагӣ) чаҳор милёрд дулор (сарф мешавад), аз 200-300 милёрд маҳрум шудан кори оқилона аст?" Ин суоле буд, ки Абдулло Ҳабибов матраҳ кард, аммо ин ҳарф дар гӯши кар азон хонданро мемонд.

Баъд аз истеъфои маҷбурии Раҳмон Набиев масъалаи миллӣ сохтани лашкари 201-ро Акбаршо Искандаров, кафили раёсати ҷумҳурӣ ва раиси порлумони вақт, бо мақомоти Русия дар миён гузошт, аммо дар оғози фасли пойиз Кремлин бозии тозаеро шурӯъ кард ва президент Борис Елтсин лашкари 201-ро расман ба тасарруфи Русия даровард.

Мошини 'пур аз силоҳ'

Дар тамоми навиштаҳои матбӯъоти Русия аз соли 1992 ба ин тараф иддаъо мешавад, ки лашкари 201 дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон мавъзеъи бетарафиро ишғол карда буд. Аммо ин иддаъо оё воқеъан сиҳҳат дорад?

Image caption 'Ин ки лашкари 201 дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон мавзеъи бетарафӣ дошт, воқеъият надорад'

Як ё ду рӯз пеш аз оғози хунрезиҳо дар Тоҷикистон (дар соли 1992) як мошини пур аз силоҳи Калашников аз подгони Душанбе хориҷ шуда ва бидуни назорат дар наздикии майдони Шаҳидон гузошта шуд.

Ба қавли Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи порлумон, вақте ки ба ӯ дар ин бора хабар доданд, ӯ бо фармондеҳони лашкари 201 дар тамос шуда ва аз онҳо хоҳиш кард, ки мошинро ҳамроҳ бо силоҳҳояш ба қаламрави подгон баргардонанд.

Низомиён мошинро бурданд, вале шабона боз як мошини дигар бо силоҳ пайдо шуд ва ин силоҳҳоро ҷонибдорони майдони "Шаҳидон" миёни худ тақсим карданд.

Ба навиштаи Сафаръалӣ Кенҷаев, ки дар он солҳо муддате додситони кул ва раиси порлумон буд, рӯзи 5-уми майи соли 1992, вақте ки хунрезӣ оғоз шуд, Раҳмон Набиев аз Борис Елтсин, раисҷумҳури Русия, хоҳиш кард, ки барои ба эътидол овардани вазъият дар шаҳри Душанбе кумак кунад.

Елтсин дар посух ба ин дархост ба Евгений Шапошников, сарфармондеҳи Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд, суфориш дод, ки лашкари 201 муҳофизат аз тамомии таъсисоти муҳимми истротежик дар пойтахти Тоҷикистонро таъмин кунад. Худи Шапошников ҳам баъд аз чанд лаҳза бо Раҳмон Набиев тамос гирифта ва ин ҳарфро тайид кардааст.

Аммо ба қавли Сафаръалӣ Кенҷаев: "Пас аз чанд дақиқа Евгений Шапошников бо сабабҳои номаълум ба Раҳмон Набиев занг зада, аз гуфтааш мегардад (ҳарфи худро рад мекунад) ва лашкари 201-уми подгони Душанбешаҳр барои нигоҳ доштани тартиботи (назми) ҷамъиятӣ ва муҳофизат аз объектҳои (таъсисоти) давлатӣ аз ғоратгарону дуздон ва ёрӣ расондан қатъан даст бармедорад."

Ба гуфтаи Кенҷаев, Шапошников ба Набиев гуфтааст, ки Тоҷикистон як давлати соҳибистиқлол аст ва бино бар ин, нерӯҳои низомии Русия наметавонанд дар умури дохилии ин кишвар дахолат кунанд.

Аммо дар рӯзи 10-уми май фармондеҳи лашкари 201-ум сарҳанг Заболотний бо баҳонаи ҳифозат аз бинои Кумитаи амнияти миллӣ ва хонаводаҳои афсарони ин кумита тонкҳоро ба хиёбонҳои Душанбе баровард. Он замон наздики 10 нафар ҳангоми тирандозии шадид кушта шуданд.

Ин иқдоми сарҳанг Заболотнийро Шодмон Юсуф, раҳбари вақти ҳизби демукрот, дахолат дар умури давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон дошт ва гуфт, ки "тень танков ляжет на русскоеязычное население." (Сояи тонкҳо болои русзабонҳо меуфтад). Ин суханони раҳбари демукротҳо дар матбӯъоти Русия "таҳдиди гаравгонгирии русҳо дар Тоҷикистон" тафсир шуд. Ин навъ тафсир русзабонҳои зиёдеро таҳрик кард, ки Тоҷикистонро тарк кунанд.

'Раҳбарии' Сангак Сафаров

Олег Панфилов, хабарнигори тоҷикистонӣ, дар хотироти худ менависад, ки моҳи августи соли 1992 ҳамроҳ бо Алишер Хоҷаев, як намояндаи телевизиюни Русия, ба минтақаи даргирӣ дар Қурғонтеппа сафаре дошт. Зимни ин сафар онҳо бо фармондеҳи подгони 191, мустақар дар маркази ин вилоят, сарҳанг Меркулов мулоқот карданд.

Image caption 'Сангак Сафаров бо пешниҳоди фармондеҳи рус Меркулов раиси Ҷабҳаи халқ шуд'

Оқои Панфилов навишта, ки фармондеҳи подгон ба онҳо чою харбуза пешниҳод кард ва худаш ба назди чархболи МИ-8, ки ба он силоҳу муҳиммот бор мекарданд, давид. Баъд аз парвози чархбол Меркулов ба утоқи корияш баргашт, то чой нӯшаду боз як латифаи дигар барои мо нақл кунад.

Пас аз чанде чархболи дигаре барои гирифтани силоҳу муҳиммот фурӯд омаду Меркулов ба назди инаш давид. Аммо ин силоҳу муҳиммот барои ҷониби дигари ҷанг буд. Чархболи қаблӣ барои "вовчик"-ҳо бор мебурду чархболи дуюм барои "юрчикҳо".

Аслиддин Соҳибназаров, як тан аз раҳбарони мухолифин, низ дар китоби худ "Субҳи ситоракуш" қисса мекунад, ки як афсари рус пешниҳод карда буд, ки "агар фалон қадар маблағ ба мо бидиҳед, ғолиби ин ҷанг шумо мешавед."

Аммо дар оғози пойизи соли 1992 Маскав тасмим гирифт мухолифинро, ки то ин вақт худро пирӯзи ҷанг мешумориданд, саркӯб кунад. Ба ин хотир, ба Тоҷикистон гурӯҳҳои спетсназ (нерӯи вижа) фиристода шуд. Дар мавриди омадани ин гурӯҳи вижа ҳатто роҳбарони Тоҷикистон хабар надоштанд.

Ба дунболи ин, Русия расман эълом кард, ки лашкари 201-ро ба тасарруфи худ дармеоварад. Ҳарчанд боз ду моҳи дигар Акбаршоҳ искандаров, кафили раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро, гӯл зада ва ваъда дод, ки ин лашкар ё ба Тоҷикистон вогузор мешавад ё он ба тобеъияти Маскаву Душанбе мегузарад.

Аммо шаби 27 сентябри соли 1992 аз қаламрави подгони Қурғонтеппа се тонку чанд зиреҳпӯш берун шуданд ва сарнавишти ҷанги дохилиро ба нафъи ҷонибдорони ҳукумати вақт таъйин карданд.

Намояндагони расмии Русия, аз ҷумла женерол Ашӯров, эълон карданд, ки ин ҷангафзорҳо рабуда шудааст, вале дарвоқеъ ин кор имкон надошт. Зеро ин замон дар қаламрави подгон нерӯи вижа мустақар шуда буд. Бино бар ин, рабуда шудани тонку зиреҳпӯшҳо номумкин буд.

Ин гурӯҳи нерӯи вижа Ҷабҳаи (фронти) халқи Тоҷикистонро таъсис дод ва Сангак Сафаровро раҳбари он таъйин кард. Чунон ки худи онҳо баъд иқрор шуданд, номзадии Сангак Сафаровро ба симати раҳбарии Ҷабҳаи халқ ҳамин фармондеҳи подгони 191 сарҳанг Меркулов пешниҳод карда буд.

Рӯзи 24 октябри соли 1992 замоне ки Сафаръалӣ Кенҷаев ҳамроҳ бо 500 нафар аз шибҳинизомиён ба шаҳри Душанбе ворид шуд, дар назди Хонаи Родию амнияти ӯро низомёни рус таъмин карданд, вале рӯзи дигар онҳо тамошо мекарданд, ки чӣ гуна нирӯҳои муттаҳидаи мухолифин гурӯҳи Кенҷаевро дар ҳалқа гирифтаанду саркӯб мекунанд.

Зимни амалиёти низомии афсарони нерӯи вижа аз тонкҳову зиреҳпӯшҳои подгони 191 истифода мешуд, ки онҳоро барояшон сарҳанг Меркулов медод.

Ҳамчунин, дар пойизи соли 1992 ҳафтаномаи "Адолат" мусоҳибае боронандагони тонкҳои Русияро ҳангоми амалиёти низомӣ ба ҷонибдорӣ аз Ҷабҳаи халқ дар Қурғонтеппа чоп кард, аммо фармондеҳии лашкари 201 ба ин санад ҳеч посухе ироа надод.

Ба ин тариқ, Маскав аз муттаҳидони демукроту исломиии худ рӯ гардонд ва аз Ҷабҳаи халқ ҳимоят кард. Ба ҳар сурат, баъд аз якуним моҳ шогирди қобили афсарони спестназ ё нерӯи вижа Сангак Сафаров ҳукумати навро дар Тоҷикистон таъйин кард.

Охирҳои моҳи январи соли 1993, зимни сафари худ ба Душанбе, Павел Грачёв, вазири дифоъи Русия, ба Сангак Сафаров пешниҳод кард, ки Артиши миллии Тоҷикистонро дар заминаи лашкари 201 таъсис бидиҳад, вале роҳбари Ҷабҳаи халқ ин пешниҳодро рад кард.

Музокироти 'махфиёна'

Эмомалӣ Раҳмонов дар соли 1993 зимни сафари нахусти худ ба Русия нишон дод, ки ба Кремлин вафодор аст. Ба ҳамин хотир, ӯ ду мувофиқатнома, яке дар бораи дӯстиву ҳамкорӣ ва дигар дар бораи ҳамкориҳои низомӣ бо Русияро ба имзо расонд.

Image caption 'Дунолд Ромзфелд, вазири дифоъи собиқи Омрико, қасд дошт дар Тоҷикистон пойгоҳе низомӣ таъсис бидиҳад'

Раҳбари Тоҷикистон то замони пайдо шудани нерӯҳои низомии Омрико дар Афғонистон яке аз ҷонибдорони асосии таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон буд.

Дар ибтидои соли 1996, замоне ки Маҳмуд Худойбердиев ошӯб кард, зимни як нишасти матбӯъотӣ Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, ки Омрико дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон пойгоҳҳои низомӣ дорад, чаро Русия наметавонад дар Тоҷикистон чунин пойгоҳе дошта бошад?

Маскав ва Душанбе миёнаҳои моҳи апрели соли 1999 тасмим гирифтанд, ки пойгоҳи низомии Русияро дар Тоҷикистон таъсис бидиҳанд. Аммо барои ба тасвиб расондани як мувофиқатнома дар ин бора ҷонибҳо саросема нашуданд. Вазъият замоне тағйир ёфт, ки амалиёти теруристӣ дар Вошингтун ва Ню-Йурк сурат гирифт. Баъд аз он, Кохи Сафед тасмим гирифт, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ пойгоҳҳои низомии худро ифтитоҳ кунад.

Тоҷикистон он замона ба унвони яке аз давлатҳои бисёр муҳимму итротежик дар Осиёи Миёна шинохта шуд. Аммо Русия бо дарки аҳдофи Омрико музокираро дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистон шурӯъ кард.

Душанбе бо Маскав ин шартро гузошт, ки садҳо милюн қарзашро бахшад ва лашкари 201 ба тобеъияти раисони ҷумҳурии ҳарду кишвар гузарад. Аммо Русия ин шартро напазируфт. Аз ҷониби дигар, дар расонаҳои Русия ҷанги иттилоъотӣ алайҳи Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Русҳо иддаъо мекарданд, ки президент Раҳмон бо омрикоиҳо музокироти махфиро шурӯъ кардааст. Ин шубҳаву гумон баъд аз сафари расмии оқои Раҳмонов ба Урупо ва Омрико дар ибтидои моҳи декабри соли 2002 бамаротиб афзуд.

Ҳамзамон, расонаҳои русӣ ҷанги иттилоъотиро алайҳи муҳоҷирони кории тоҷик ба роҳ андохтанд. Аммо сарфи назар аз ин, Душанбе пофишории худро то моҳи июни соли 2004 идома дод, вале дар ниҳояти кор, он бар зиёни ҳамаи тоҷикон тамом шуд.

Ахиран, баъд аз 11 сол, Фронклин Ҳодл, сафири собиқи Омрико дар Тоҷикистон, расман эътироф кард, ки воқеъан Дунолд Ромзфелд, вазири дифоъи собики Омрико, қасд дошт дар Тоҷикистон пойгоҳе низомӣ таъсис бидиҳад. Ба ин хотир, ҳатто музокироте сурат гирифт, вале дар охир ӯ Қирғизистонро арҷаҳ донист.

Ҷошуо Кушер, хабарнигори омрикоӣ, баҳори имсол дар истинод ба Фронклин Ҳодл дар як мақолаи худ зери унвони "Тоҷикистон ба Омрико пойгоҳи низомӣ пешниҳод карда буд" тафсилоти ин музокироти комилан махфиро баён кардааст.

Ба қавли Фронклин Ҳодл, президент Раҳмонов ҳатто розӣ шуда буд, ки низомиёни русро аз Тоҷикистон хориҷ кунад, вале қабл аз соли нави 2002 Омрико дар ин маврид таҷдиди назар кард.

Сафири Омрико дар суханронии худ гуфтааст, ки ин хабари нохушояндро шахсан ӯ ба Раҳмонов расондааст. Ҳамзамон бо ин, ба хотири коҳиши норизоятии Душанбе Омрико пуле чандсадметра миёни Тоҷикистону Афғонистонро дар рӯдхона Панҷ сохт.

Бино бар ин, оқои Раҳмон дар моҳи октябри соли 2004 розӣ шуд, ки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон барои 10 сол фаъъолият кунад. Дидбонгоҳи фазоии "Окно", воқеъ дар Норак, низ ба тасарруфи русҳо даромад. Маскав дар иваз 242 милюн дулор қарзи Тоҷикистонро бахшид ва нирӯҳои марзбонии худро аз марзи Афғонистон хориҷ кард.

Ин гузашт Русияро хеле хурсанд кард. Шояд ба ҳамин хотир буд, ки Рамазон Абдулатипов, сафири он кишвар дар Тоҷикистон, дар соли 2006, қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, зимни мусоҳиба бо родиюи Озодӣ гуфт: "Чунон ки ман қаблан гуфта будам, ҷониби Русия дар Тоҷикистон номзадеро баробарвазн бо раисҷумҳури феълӣ, Эмомалӣ Раҳмонов, намебинад. Ҳар касе, ки бо ин андеша розӣ набошад, номзадеро, ки лоиқ медонад, пеши ман орад."

Оқои Раҳмонов дар интихобот ширкат кард ва бидуни ҳеч рақобат бо номзадҳои дигар, ки чандон шахсиятҳои шинохташудае ҳам набуданд, пирӯз шуд.

Аз сӯйи дигар, баъд аз изҳороти Ислом Каримов дар мавриди баста шудани пойгоҳи омрикоӣ дар Узбакистон дар соли 2005 Вошингтун дар андешаи интиқоли он ба яке аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ шуд. Кремлин ҳадс мезад, ки Кохи Сафед ҳатман Тоҷикистонро интихоб мекунад.

То ҳол маълум нест, ки дар ин замон миёни Раҳмонов ва омрикоиҳо музокироте доир шуда буд ё на. Ба ҳар сурат, тибқи иитилоъи расонаҳои русӣ, президент Путин ҳамон сол ин масъаларо бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода буд.

Дар натиҷа, ба раиси ҷумҳурии Русия муяссар шуд, ки Эмомалӣ Раҳмонро мутақоъид созад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ барои ифтитоҳи пойгоҳи низомии омрикоӣ дар Тоҷикистон розӣ нашавад.

Пойгоҳ ва интихобот

Дар соли 2009, замоне ки Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон, эълом кард, ки пойгоҳи омрикоиро дар фурӯдгоҳи Бишкек мебандад, омрикоиҳо боз ба фикри пайдо кардани пойгоҳи нав дар Осиёи Марказӣ уфтоданд.

Image caption Мувофиқатнома дар бораи пойгоҳи Русия соле қабл дар дидори Владимир Путин аз Душанбе ба таври ғайримунтазира имзо шуд

Расонаҳои Русия боз ҳам ба Тоҷикистон ҳамларо шурӯъ карданд, ки ин кишвар мехоҳад ба омрикоиҳо иҷоза бидиҳад, то пойгоҳ бисозанд. Сарфи назар аз ин нигаронӣ, Душанбе чунин иҷозаро ба Вошингтун надод. Ҳарчанд дар масъалаи тамдиди муҳлати пойгоҳи низомии Русия низ шартҳое гузошта буд, ки Кремлин дар ниҳоят аслан напазируфт.

Муҳлати ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон мебоист соли 2014 ба охир расад. Аз ин рӯ, дар соли 2008 музокирот барои тамдиди ҳузури ин пойгоҳ оғоз шуд. Тибқи мувофиқатномаи соли 2004 ин пойгоҳ мебоист 10 сол фаъъолият кунад ва дар сурати тавофуқи ҷонибҳо имкон дошт ин муҳлат дар ҳар панҷ сол як бор тамдид шавад.

Аммо дар соли 2009 Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, зимни сафари худ ба Узбакистон эълом кард, ки аз мавзеъи президент Ислом Каримов дар мавриди сохтмони нерӯгоҳҳои бузург дар кишварҳои болооби рӯди Омӯ ҷонибдорӣ мекунад. Оқои Каримов мухолифи сарсахти тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистон ва "Қамбарато" дар Қирғизистон буду ҳаст.

Ин қидоми Медведев ба ҷониби Тоҷикистон хуш наомад ва рабовити ин кишвар бо Русия ба сардӣ гаройид. Он замон Қирғизистон бо баҳонаи гирифтани қарз аз Русия эълом кард, ки пойгоҳи низомии омрикоиҳо дар қаламрави худро мебандад. Бино бар ин, Кохи Сафед боз ба Тоҷикистон рӯ овард.

Тоҷикистон ба навбаи худ расман изҳор дошт, ки ҳозир аст дар ивази 308 милюн дулор ҳузури пойгоҳи низомии Русияро дар қаламрави худтамдид кунад. Душанбе ҳамчунин мехост, ки дар авзоъи фавқулъодаи амниятӣ раиси ҷумҳурии Тоҷикистон битавонад аз пойгоҳи Русия истифода унад. Аммо Русия ин шартро напазируфт, бино бар ин, музокирот бакундӣ пеш мерафт.

Боз ҷанги иттилоъотӣ миёни Тоҷикистону Русия шурӯъ шуд, ки он бештар бар зиёни муҳоҷирони корӣ тамом шуд, зеро дар соли 2010 зимни як нишасти матбӯъотӣ дар Душанбе Дмитрий Медведев эълом кард, ки Русия ҳузури низомиёни худро барои 49 сол дар қаламрави Тоҷикистон тамдид мекунад. Ин бад-он маъно буд, ки ҷониби Тоҷикистон натвонистааст шартҳои худро ба Маскав биқабулонад.

Дар моҳи октябри соли 2012 зимни як сафари худ ба Душанбе, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии барои севумин бор интихобшудаи Русия, мувофиқатномаи тозаеро дар бораи пойгоҳи низомӣ бо Тоҷикистон ба имзо расонд. Тибқи ин санад, пойгоҳи Русия то соли 2042 дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд ва тамоми низомиён ва персунели он аз масунияти диплумотик бархурдор мешаванд.

Аммо қариб як сол порлумони Тоҷикистон ин мувофиқатномаро тасвиб накард. Бархе бар ин бовар буданд, ки шояд дар солҳои наздик он ба тасвиб нарасад. Вале бархе аз коршиносон иддаъо доштанд, ки ин мувофиқатнома то интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябр ҳатман ба имзо мерасад, ки ҳамин тур ҳам шуд.

Ба ин тартиб, якуним сол қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1994 ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов бо Русия мувофиқатнома дар бораи ҳамкориҳои низомиро ба имзо расонд. Ним сол қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 мувофиқатнома дар бораи таъсиси пойгоҳи низомии Русияро дар Тоҷикистон ба муддати 10 сол имзо кард.

Ҳарчанд тасвиби ин мувофиқатнома бо вуруди нерӯҳои ғарбӣ ба Афғонистон тӯл кашид ва бисёриҳо гумон доштанд, ки акнун русҳо аз пойгоҳ дар Тоҷикистон маҳрум мешаванд, аммо як сол қабл аз баргузории интихоботи соли 2006 ин мувофиқатнома ҳам ба тасвиб расид.

Дар соли 2008 музокирот дар мавриди тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон шурӯъ шуд ва чаҳор сол идома ёфт. Боз ҳам, як сол қабл аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 ҳукумати оқои Раҳмон мувофиқатнома дар бораи тамдиди ҳузури низомиёни рус дар хоки Тоҷикистонро то соли 2042 имзо кард.

Баъд аз як соли ба дарозо кашидани тасвиби ин санад, яъне дар ибтидои моҳи октябри соли равон, дуруст як моҳу як ҳафта пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, порлумони Тоҷикистон мувофиқатнома дар бораи пойгоҳи Русияро ба тасвиб расонд. Ва Эмомалӣ Раҳмон, ки тайи 21 соли гузашта зимоми қудратро дар даст дорад, бидуни рақибони ҷиддӣ дубора ба интихобот меравад.

Матолиби муртабит