Додгоҳи Урупо Русияро водор ба пардохти ғаромат ба Ҷӯраев кард

Додгоҳи Урупо ҳукм карда, ки давлати Русия ба Низомхон Ҷӯраев, боздоштии тоҷик, ки дар соли 2012 аз қаламрави он кишвар нопадид шуда ва дертар сар аз боздоштгоҳе дар Тоҷикистон баровард, ғаромати маънавӣ бипардозад.
Додгоҳи Урупо, боздошти ин тоҷир ва сиёсатмадори собиқи тоҷик аз сӯйи мақомоти рус дар соли 2010 дар Русияро ғайриқонунӣ эътироф карда ва ҳукм кард, ки давлати Русия бояд барои ҷуброни зарари маънавӣ ба оқои Ҷӯраев 30 ҳазор юру ва барои хароҷоти додгоҳӣ 12 ҳазор юруи изофӣ бипардозад.
Низомхон Ҷураев дар оғози соли 2012 билофосила пас аз раҳо шуданаш аз боздоштгоҳе дар Русия нопадид шуда буд ва вакили мудофеъи ӯ иддаъо кард, ӯ аз сӯйи маъмурони амниятӣ рабуда ва ба таври ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон, ки дар инҷо вай дар ҷиноёти иқтисодӣ муттаҳам мешуд, баргардонида шудааст.
Созмони Афви Байналмилал аз мушаххас набудани маҳалли будубоши Низомхон Ҷӯраев изҳори нигаронӣ карда ва ҳадс зад, ки собиқ вакили Маҷлиси вилояти Суғд таҳти шиканҷа қарор дорад.
Аммо дар миёни ин гумонзанӣ ва ибрози нигарониҳои вакили мудофеъ ва созмонҳои байналмилаллӣ телевизиюни давлатии Тоҷикистон видиюи Низомхон Ҷӯраевро аз боздоштгоҳе дар Тоҷикистон нишон дод, ки дар он оқои Ҷӯраев ҳамзамон бо эътироф бар бархе ҷиноёт аз ҷумла гуфт, ки довталабона ба Тоҷикистон баргаштааст.
Дертар ин вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд дар сӯҳбати телефуние бо Би-би-сӣ гуфт, ки вай дар озодӣ ба сар мебарад. Ӯ изҳор дошт, ки муносибати бозрасони ин ожонс бо вай хуб аст ва таҳқиқи парвандааш идома дорад.
Аммо Афви Байналмилал ҳадс задааст, ки изҳороти Низомхон Ҷӯраев, ки тавассути телевизиюни давлатӣ пахш шуд ва мусоҳибаи вай бо Би-би-сӣ таҳти фишор ва шиканҷа сурат гирифтааст.
Зимнан, оқои Ҷӯраев дар мусоҳибааш аз расонаҳои гурӯҳӣ хоста буд, аз бозтоби раванди таҳқиқи парвандаи ҷиноияш худдорӣ кунанд ва баъд аз анҷоми кори бозрасон вай омода аст бо хабарнигорон сӯҳбат кунад. Бо ин вуҷуд, оқои Ҷӯраев ба далоили амниятӣ аз эъломи маҳалли иқоматаш худдорӣ кардва буд, ки ин нукта низ созмони Афви байналмилалро нигарон сохта буд.
