Хатари мусодираи дороиҳои Кабирӣ, раҳбари умдатарин ҳизби мухолиф
Image copyrightBBC World ServiceМуҳиддин Кабирӣ, узви порлумон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, бонуфузтарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон, бо хатари мусодираи бархе аз дороиҳояш аз сӯйи давлат рӯбарӯст.
Оқои Кабирӣ, ки яке аз моликони бозори мавсум ба "Саховат" дар шаҳри Турсунзода аст, рӯзи гузашта дар ҷаласаи додгоҳе, ки баҳс бар сари ин бозорро баррасӣ мекунад, ширкат ва суханронӣ кардааст.
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ки як ниҳоди вобаста ба қувваи муҷрия аст, иддаъо карда, ки асноди хусусисозии ин бозор аз сӯйи оқои Кабирӣ ва моликони дигар навоқисе дошта ва хусусисозии он ғайриқонунист. Аммо моликони бозор ин иддаъоро бепоя медонанд.
Манобеъи Ожонси зидди фасод аз ибрози назар дар бораи ин парванда бо Би-би-сӣ худдорӣ карданд, вале худи оқои Кабирӣ, ин парвандаро "фармоишӣ ва дорои ангезаҳои сиёсӣ" хонда ва муътақид аст, ки давлат ба дороиҳои ӯ ва пайвандонаш чашм дӯхтааст, то ӯ ва ҳизби ӯро тазъиф кунад.
Оқои Кабирӣ мегӯяд, нусхае аз як номаи мунтасаб ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба Ожонси зиддифасод ва Кумитеи молиётро дар даст дорад, ки дар он бозрасии фаъъолияти чанд корхонаи мутаъаллиқ ба раҳбари умдатарин ҳизби мухолиф ва пайвандонаш тақозо шудааст.
Суфориши амниятӣ?
Дар матни суханронии ӯ дар додгоҳи рӯзи чаҳоршанбеи 2 апрел, ки дар торнамои расмии ҳизбаш мунташир шуд, омадааст: "Дар бораи сиёсӣ будани ин қазия қариб, ки шак надорам, танҳо сатҳи мақоми супоришдодаро намедонам. Агарчи дар даст санади имзокардаи муъовини раиси Кумитеи давлатии амнияти миллиро дорам, ки дар он ба мақомоти андоз (молиёт) ва Ожонси зиддифасод санҷида шудани фаъъолияти чанд корхонаи тиҷоратию истеҳсолӣ супориш шудааст."
Манобеъи Кумитеи давлати амнияти миллӣ ҳозир нашуданд ирсоли чунин номаеро ба мақомоти молиёт ва Ожонси зиддифасод таъйид ва ё такзиб кунанд. Аз ин рӯ, Би-би-сӣ наметавонад ба таври мустақил иддаъои ирсоли нома аз ин кумите ба ниҳодҳои дигарро таъйид кунад.
Манобеъи Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, ки оқои Кабирӣ дирӯз ба ҷаласаи додгоҳ ба унвони яке аз соҳибмулкон даъват шуда ва суханронӣ кардааст. Ожонси мубориза бо фасод дар додгоҳ ба унвони шокӣ ва ҳуқуқдон Бузургмеҳр Ёров ба унвони вакили мудофеъи соҳибмулкони бозор ширкат доранд.
Қозии додгоҳ дирӯз баъд аз ду соъати баҳс миёни ҷонибҳо, муҳокимаро то рӯзи 10 апрел ба таъвиқ гузоштааст. Аммо аз матни суханронии оқои Кабирӣ чунин бармеояд, ки ӯ нисбат ба сарнавишти дороиҳояш хушбин нест.
Вай аз ҷумла гуфтааст: "Як чиз барои ман ва хонаводаамон ошкор аст, ки агар супориши сиёсӣ аз болотарин сатҳ барои гирифтани ин бозор аз хонаводаи мо содир шуда бошад, на ин суханронии ман ва на вакилони мудофеъ ва ин додгоҳ ва ҳатто қонуни асосии Тоҷикистон дигар кумак намекунад."
Ин дар ҳолест, ки ба гуфти ӯ дар сурати вуҷуди навоқисе дар амри хусусисозии бозори "Саховат"-и шаҳри Турсунзода ҳам муҳлати даъво гузашта ва ҳам ин моликият тибқи чандин санади ҳуқуқӣ афв шудааст ва ҳеч далели камбудӣ аз тарафи соҳибмулкон вуҷуд надорад.
Вай мегӯяд агар дар замони хусусисозии ин бозор нақс ё кабуде вуҷуд дошта, пас масъулияти ин навоқис ба дӯши давлат аст, ки бо чандин санад раванди хусусисозиро таъйид кардааст.
'Танбеҳи мухолифон'
Раҳбари умдатарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон, ки ҳамзамон узви порлумон аст, мегӯяд, ки дар сурати мусодираи бозори "Саховат" чандин нафар аз шаҳрвандон аз машоғил ва амволи худ маҳрум хоҳанд шуд. Ӯ аз ин афрод маъзарат хоста, ки чанд сол пеш онҳоро аз Русия ба Тоҷикистон даъват карда буд.
Ӯ афзудааст: "Ба ибораит дигар, ман сабаб гашатам, ки хешовандонам, мисли ҳар як шаҳрванди дигари кишвар аз ҳаққи тиҷорат ва соҳибкорӣ маҳрум шаванд. Хиҷолатам на фақат аз он аст, ки имрӯз молашонро аз даст медиҳанд, балки ман сабаби кӯчонидани тиҷораташон аз Русия ба Тоҷикистон гаштам.”
Муҳидин Кабирӣ мегӯяд, ки бозори "Саховат" беш аз 15 сол боз фаъъолият дорад ва дар тӯли ин солҳо ҳудуди 700 нафар аз сокинони шаҳри Турсунзода ва ҳумаи он соҳиби машоғиле дар ин бозор буданд. Ва бозор аз сӯйи соҳибмулкон ба таври қонунӣ харидорӣ шудааст.
Баҳси додгоҳӣ бар сари амвол ва дороиҳои оқои Кабирӣ дар ҳолест, ки тайи ду моҳи ахир дастикам шаш корхонаи мутаъаллиқ ба Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ ва вазири саноеъи пешин, ва пайвандонаш дар қазоёе мушобеҳ аз сӯйи давлат мусодира шудааст.
Корхонаҳои мавсум ба "Гулистон", "Тоҷикмармар", "Тоҷсохтмон-байналмилал", "Электроника М" ва фурӯшгоҳи мавсум ба "Модная точка" аз ҷумлаи дороиҳои мутаъаллиқ ба худи оқои Саидов ва пайвандонаш астанд, ки дар як моҳи ахир бо аҳкоми додгоҳҳои мухталиф мусодира шудаанд.
Зайд Саидов тобистони соли гузашта дуруст пас аз он ки дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ эълом кард як ҳизби сиёсии ҷадид дар Тоҷикистон таъсис медиҳад, аз сӯйи маъмурони Ожонси мубориза бо фасод боздошт ва ба иртикоби ҷароими мутаъаддиде муттаҳам шуд.
Авохири соли гузашта додгоҳ оқои Саидовро пас аз баррасиҳои пурсарусадо барои 26 сол ба зиндон маҳкум кард. Ҳукме, ки тарафдоронаш мегӯянд ангезаҳои сиёсӣ дорад ва навъе "танбеҳе" барои тасмимаш ба таъсиси ҳизби ҷадид дар арсаи сиёсии Тоҷикистон муртабит аст.
