Муродалӣ Алимардонов бо зарардидагони оташсӯзии бозори “Саховат”-и Кӯлоб мулоқот кард

Даҳҳо нафар аз тоҷирони зарардида аз оташсӯзии шаби гузашта дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб, субҳи имрӯз бо Муродалӣ Алимардонов, муъовини нахуствазири Тоҷикистон ва шаҳрдори Кӯлоб мулоқот карданд.
Дар ин мулоқот оқои Алимардонов ва шаҳрдори Кӯлоб ба тоҷирон гуфтаанд, ки онҳо ситодеро таъсис дода ва сабаби сар задани оташсӯзӣ ва хисороти ворида аз ин ҳодиса дар ин бозорро таҳқиқ мекунанд.
Ҳамчунин иддае аз намояндагони давлатии ширкаткунанда дар ин мулоқот ба фурӯшандагони бозор ваъдаи ироаи кумакҳои молӣ ба онҳоро кардаанд, ҳарчанд мушаххас нашудааст, ки ин кумакҳо аз чи иборат хоҳанд буд?
Оташсӯзӣ дар бозори ”Саховат”-и шаҳри Кӯлоб, ки соъати 23:30 дақиқаи вақти маҳаллии шаби 12-уми январ рух додааст, бахши аъзами қисми порчафурӯшии (матоъ) бозорро комилан хароб кардааст.
Сӯхробшои Фаррухшо, сухангӯйи шаҳрдории Кӯлоб, рӯзи 13 январ дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин оташзӯзӣ талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст, аммо вай афзуд, ки ин ҳодиса ба даҳҳо нафар аз фурӯушандагони ин бозор, ки аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ буданд, хисороти молии зиёде ворид кардааст.
Оқои Фаррухшо мегӯяд, ки оташсӯзӣ ҳудуд 400 дӯкон ва нуқтаҳои фурӯши порчаҳо дар бозори “Саховат”, яке аз бозорҳои бузургтарини шаҳри Кӯлобро бо хок яксон кардааст.
Ин дар ҳоелст, ки шаҳрдории Кӯлоб мегӯяд, ки ин оташсӯзӣ аз сӯйи кормандони оташнишониذ ин шаҳр дар мудати кӯтоҳ фурӯ нишонида шуда ва аз густариши оташ ба дӯконҳои дигари бозор ҷилавгирӣ шудааст.
Салим, яке аз фурӯшандагони бозори “Саховат” дар шаҳри Кӯлоб ба Би-би-сӣ гуфт, ки вай ҳамроҳ бо бародаронаш аз бонк қарз гирифта ба тиҷорат машғул будааст.
Салим мегӯяд: “Ҳоло мо 15 ҳазор дулор аз бонк қарздор ҳастем ва ҳамаи борҳои мо сӯхта хокистар шудааст. Мо намедонем, ки чи кор кунем? Дар миёни тоҷирони ин бозор мисли мо зиёд ҳастанд, ки аз бонк қарзи зиёд гирифтаанд.”
Оқои Фарухшо низ таъйид кард, ки тоҷирони зиёде зарадида аз оташсӯзӣ аз бонкҳо қарздор ҳастанд ва маълум нест, ки онҳо дар оянда ин вомҳои худро аз кадом маблағ ба бонкҳо бозпас медиҳанд.
Бахши вазорати беҳдошт дар вилояти Хатлон мегӯяд ,ки ба макони оташсӯзӣ дар бозори “Саховат”-и Кӯлоб пизишкон эъзом шудаанд. Гуфта мешавад, ки бисёре аз фурӯшандагони зарардида дар вазъи бади рӯҳӣ қарор доштаанд ва ниёз ба кумаки пизишкон доранд.
Аммо шаҳрдории Кӯлоб гуфт, ки танҳо вазъи саломати як зан бад шуда ва духтурон бамаврид ба ӯ кумак кардаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз мизони хисороти воридшуда аз ин воқеъа расман эълом нашудааст.
Ҳамчунин ангезаи аслии ин оташсӯзӣ низ дақиқ мушаххас нашудааст, вале масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар сойти расмӣ навиштаанд, ки ин оташсӯзӣ дар асари “ба ҳам расидани симҳои барқ” рух додааст.
Дар даҳсолаи ахир дар бозорҳои Тоҷикистон даҳҳо авриди оташсӯзӣ рух дода ва ба иқтисоди мардум хисороти ҳангуфт ворид кардааст.
Бузуртарини ин воқеъа дар соли 2012 дар бозори мавсум ба “Корвон”-и шаҳри Душанбе-пойтахт рух дод, ки мунҷар ба даст задани тазоҳурот аз сӯйи тоҷирони ин бозор шуда буд.
Ин тазоҳурот баъд аз ваъдаи бозсозии сареъ ва кумаку имтиёз ба ҳудуди 200 тоҷири ин бозор пароканда шуд.
