Оташсӯзӣ дар хобгоҳи дабиристони ноҳияи Шӯрообод
Шаби рӯзи ҷумъа, 10-уми май дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар натиҷаи як оташсӯзи хобгоҳи дабиристони шобонарӯзии кӯдакон хисорот дидааст.
Ин дабиристон, ки дар ҷамоъати Саричашмаи ин ноҳия воқеъ будааст, кӯдакони бесарпараст ва аз хонаводаҳои камбизоъатро бо омӯзишу парвариш фаро мегирад.
Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ин оташсӯзӣ талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст. Санам Одинаева, муъовини раиси ноҳияи Шӯрообод, рӯзи ҷумъаи 10 май дар сӯҳбати телефунӣ ба Би-би-сӣ ин хабарро таъйид карда ва гуфт, ки дар оташсӯзӣ қисмате аз ҳуҷраҳои хобгоҳ хароб шудаанд.
Оташзӯзӣ соъати дуи шаб рӯх додааст. 68 нафар кӯдаки донишомӯзи дабиристон он замон дар хобгоҳ будаанд. Барои фурӯ нишонидани ин оташсӯзӣ кормандони идораи оташнишонӣ аз маркази шаҳри Қурғонтеппа ба Шӯрообод рафта будаанд.
Масъулони хадамоти оташнишони вилоят мегӯяд, ки ҳануз ангезаи ин оташсӯзӣ мушаххас нашудааст.
Масъулони хадамоти оташнишони вилояти Хатлон мегӯянд, ки аз аввали соли ҷорӣ то ҳол дар қаламрави вилоят беш аз 90 ҳодисаи оташсӯзӣ рух додааст, ки дар натиҷаи он се нафар ҷонҳои худро аз даст доданд. Ин оташсӯзиҳо дар иқтисод ин вилоят ба маблағи беш аз як милюну 540 ҳазор сомонӣ хисорот ворид кардаанд.
