Кабирӣ аз мақомот талаби ғаромат кард

  • 22 Апрел, 2014
Муҳиддин КабирӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Муҳиддин Кабирӣ раҳбарии умдатарин ҳизби мухолифи давлати Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯяд, ки талошҳои худ барои ҳифзи бозори “Саховат” дар ноҳияи Турсунзодаро идома медиҳад.

Дар баёнияе аз оқои Кабирӣ, ки рӯзи сешанбеи 22-уми апрел пахш шуд, ӯ гуфта, ки додгоҳ аз мадорики пешниҳодии вукалои мудофеъ дар бораи қонунӣ будани хусусисозии ин бозор сарфи назар кардааст.

Рӯзи гушазта додгоҳи ноҳияи Турсунзода дархости ғайриқонунӣ будани ин бозорро таъйид карда ва ҳукм кард, ки бозори “Саховат” тахриб шавад. Ин бозор моли шуморе аз пайвандони оқои Кабирӣ маҳсуб мешуд.

Дар баёнияи раҳбари ҲНИТ омадааст: "Имрӯз даъвогар боз ҳам мақомоти давлатӣ аст ва моликияти шаҳрвандро боз ҳам ба нафъи мақомоти давлатӣ, яъне, содиркунандаи камбудӣ, меситонад. Суол ба миён меояд, ки агар содиркунандаи камбудӣ худи мақомоти давлатӣ бошад, пас ҷуброни хисороти шахрвандро, ки дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ба миён омадааст, кӣ бояд пардохт кунад?"

Оқои Кабирӣ ёдовар шуда, ки Қонуни асосии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки ғаромати аъмоли ғайриқонунӣ бояд ба соҳибон ҷуброн шавад. Вале дар ҳукми додгоҳ дар ин робита ишорае нашудааст.

Дар матни баёнияи оқои Кабирӣ омада, ки бо тасмими додгоҳи ноҳияи Турсунзода барои мушаххас кардани мизони ғаромат кумисиюне таъсис ёфта буд ва мушаххас кард, ки танҳо барои сохтмони қисмате аз ин бозор ба маблағи 2 милюну 700 ҳазор сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ сарф шудааст. Вале додгоҳ аз ин натиҷа ҳам сарфи назар кардааст.

Муҳиддин Кабирӣ навишта, ки барои ҳалли қазияи ин бозор ва ҳифзи моликияти туҷҷори он пешниҳод кардааст, ки барои ин шаҳр варзишгоҳи ҷадид эҳдос мекунад ва ҷойи кори садҳо нафарро аз туҷҷорро нигаҳ доранд. Вале додгоҳ аз ин пешниҳод низ сарфи назар кардааст.

Раҳбари ҲНИТ мақомотро ҳушдор додааст, ки ҳукми додгоҳ дар мавриди бозори “Саховат” метавонад саботи ҷомеъаро ба хатар андозад: "Имрӯз ҳам талоши мо барои ҳифзи моликияти хеш ва ҳамзамон моликияти соҳибкорони бозор ва ором кардани онҳо равона шудааст. Бешак, мақомоти давлатӣ ҳам бештар аз мо манфиъатдори ҳифзи моликияти шаҳрвандон ва ризояти онҳо мебошанд. Пешниҳодҳои боло метавонанд барои расидан ба ҳалли муносиби масъала кумак намоянд."

Қазияи бозори “Саховат”, ки ба хонаводаи Муҳиддин Кабирӣ марбут аст, тӯли моҳҳои ахир ба мавзӯъи доғе табдил ёфтааст. Оқои Кабирӣ менависад: "То даъвати мо ба суд (додгоҳ) ҳамчун шарики моликияти хонаводагӣ ин масъала аз ҷомеъа пинҳон буд. Чун, мо тарафдори кашонидани ин баҳс ба ҷомеъа набудем ва мутмаиннам, ки мақомот ҳам хоҳони он набудаанд."

"Имрӯз ҳам талоши мо барои ҳифзи моликияти хеш ва ҳамзамон моликияти соҳибкорони бозор ва ором кардани онҳо равона шудааст. Бешак, мақомоти давлатӣ ҳам бештар аз мо манфиъатдори ҳифзи моликияти шаҳрвандон ва ризояти онҳо мебошанд."

Зимнан, додгоҳ низ муқаррар карда, ки бозори “Саховат” бо нақзи қавонини кишвар таъсис шудааст, зеро ба ҳангоми хусусӣ кардани варзишгоҳ дар маҳалли сохтмони бозор ризояти Ҳукумати Тоҷикистон гирифта нашудааст.

Муҳиддин Кабирӣ низ ба ин мавзӯъ ишора карда, афзудааст: "Масъалаи дигар ин аст, ки на даъвогар, на шоҳидон ва на суд (додгоҳ) соҳибмулконро дар ҳеҷ ҳолате айбдор намедонанд. Яъне, рафтори мо комилан тибқи қонунҳо сурат гирифтааст. Тарафи содиркунандаи камбуди, тибқи даъво, мақомоти давлатӣ мебошанд. Имрӯз даъвогар боз ҳам мақомоти давлатӣ аст ва моликияти шахрвандро боз ҳам ба нафъи мақомоти давлатӣ, яъне, содиркунандаи камбудӣ, меситонад."

Дар поёни баёнияи худ Муҳиддин Кабирӣ боз ҳам аз мақомот хостааст, ки мавзӯъи пардохти ғаромат ба соҳибони ин бозор рӯшан карда шавад.

Матолиби муртабит