"Қазияи бозори хонаводаи Кабирӣ ангезаи сиёсӣ дорад"
Image copyrightBBC World ServiceРаҳбарияти Ҳизби сусиёл демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) муътақид аст, ки бозрасии фаъъолияти дороиҳои хонаводаи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ фармоишӣ буда аз ангезаҳои сиёсӣ орӣ нест.
Ба эътиқоди Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ, феълан дар Тоҷикистон раванди бозбинии натоиҷи хусусигардонии муъасиссот ҷараён дорад. Вай афзудааст: "Дар Тоҷикистон барои ҳукумат фаъъолияти дигаре боқӣ намондааст, зеро куллия муъасиссот аз қабл хусусӣ шудаанд. Ба ин далел раванди бозбинии ин хусусигардонӣ оғоз шудааст".
Худи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ бо чунин назар мувофиқ аст ва мегӯяд, ки ҳарчанд бозори "Саховат" дар маркази ноҳияи Турсунзода моли хонаводаи вай аст, вале то ҳол барои хонаводаи худ суде аз онро истифода накардааст. "Куллия суди ин бозор барои аҳдофи хайр истифода мешавад".
Ба гуфтаи вай, ин бозор дар соли 1996 аз сӯйи Лутфия Неъматова хусусӣ шуда ва оқои Кабирӣ онро дар соли 2009 харидорӣ кардааст. Зимнан, манобеъи Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон иддаъо доранд, ки хусусисозии бозори "Саховат" дар оғоз ғайриқонунӣ сурат гирифтааст ва давлат ба оқои Кабирӣ даъвое надорад.
Ин бозор дар маркази шаҳри Турсунзода воқеъ аст ва сокинони маҳаллӣ аз он ба унвони бозори "Стадион" ва ё "Саховат" ном мебаранд. Бештаре аз туҷҷори ин бозор мегӯянд, ки дар хонаводаҳои худ танҳо манбаъи дарёфти пул ҳастанд ва дастикам то даҳнафарӣ бар дӯши онҳо аст.
Ҳамзамон онҳо иддаъо доранд, ки барои пешбурди тиҷорати худ аз бонкҳо бидеҳкор шудаанд ва дар сурати қатъи фаъъолияти бозор онҳо бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Зимнан, дар поёни ҳафтаи гузашта додгоҳ даъвои ҷонибҳо дар ин парвандаро гуш дода ва ҳамакнун бояд ҳукми худро эълом кунад.
Муҳиддин Кабирӣ дар додгоҳ эълом кардааст, ки омода аст молики ин бозорро иваз кунад. "Муҳимм ин аст, ки бозор фаъъолияти худро идома бидиҳаду ҳудуди 700 тоҷири он бекор намонанд", - гуфтааст Кабирӣ.
Мақомоти шаҳри Турсунзода эълом кардаанд, ки дар маҳалли ин бозор "майдончаи варзишӣ" бунёд мекунанд. Раҳбари ҲНИТ гуфтааст, ки барояш қитъаи замине ихтисос бидиҳанд ва ӯ омода аст ҳам "майдончаи варзишӣ" ва ҳам бозори ҷадиде бунёд кунад.
Вале то ҳол додгоҳ ҳукми ниҳоии худро дар ин замина эълом накардааст ва мақомоти маҳаллӣ ин пешниҳоди оқои Кабириро радд кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки баҳсҳои иқтисодӣ бо мухолифони давлат дар як соли ахир дар Тоҷикистон маъмулӣ шудааст. Ахиран раоснаҳои маҳаллӣ аз давлатӣ шудани бархе аз ширкатҳои муталлиқ ба Зайд Саидов, тоҷири зиндонии тоҷик хабар доданд.
Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ки дар даҳаи 1990 вай якҷо бо Зайд Саидов дар Русия машғули тиҷорат буда ва сипас дороиҳои худро ба Тоҷикистон ворид кардаанд. Вале дар ниҳоят ин ду нафар ба фаъъолиятҳои сиёсӣ пардохта ва ҳамакнун мавзӯъи сарнавишти ин дороиҳо матраҳ аст.
