Арабистон саҳмияҳои сафари ҳаҷро барои Тоҷикистон афзоиш надод

  • 4 Апрел, 2014

Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ мизони саҳмияҳои Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷҷи имсолро ба гунаи соли қаблӣ нигаҳ доштааст.

Афшин Муқим, сухангӯйи Кумитеи умури дини Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 4-уми апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин кишвар барои имсол ҳудуди ҳашт ҳазор саҳмия дархост карда буд.

Вале ҷониби Арабистони Саъудӣ ба далели умури бозсозӣ дар атрофи амокини муқаддаси исломӣ тасмим гирифтааст ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ҳудуди 6,3 ҳазор саҳмия ихтисос бидиҳад.

Оқои Муқим дар посух ба ин суол, ки оё арзиши сафари ҳаҷ дар соли ҷорӣ тағйир хоҳад ёфт ё хайр, гуфт, ки ин мавзӯъ ҳанӯз мушаххас нест. Зеро бахши аслии махориҷи сафар ба амокини муқаддаси исломӣ ба қимати роҳкиро, яъне сафар тавассути ҳавопаймо, бастагӣ дорад.

Дар соли гузашта арзиши сафари ҳаҷ ба 17 ҳазору 625 сомонӣ баробар буд. Дар ҷараёни маросими ҳаҷҷи гузашта чаҳор нафар аз сокинони Тоҷикистон ҷони худро аз даст дода дар Арабистони Саъудӣ дафн шуданд.

Вазорати Ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ мизони саҳмияҳои Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷҷи имсолро ба гунаи соли қаблӣ нигаҳ доштааст.

Афшин Муқим, сухангӯйи Кумитаи умури дини Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 4-уми апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки кишвараш барои имсол ҳудуди 8 ҳазор саҳмия хоста буд.

Вале ҷониби Арабистони Саъудӣ ба далели умури бозсозӣ дар атрофи муқадассоти Ислом тасмим гирифтааст ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ҳудуди 6,3 ҳазор саҳмия ихтисос бидиҳад.

Оқои Муқим дар посух ба ин суол, ки оё арзиши сафари Ҳаҷҷ дар соли ҷорӣ тағйир хоҳад ёфт ё хайр, гуфт, ки ин мавзуъ ҳанӯз мушаххас нест. Зеро бахши аслии махориҷи сафар ба муқаддасоти Ислом аз қиммати роҳкиро, яъне сафар тавассути ҳавопаймо бастагӣ дорад.

Дар соли гузашта арзиши сафари Ҳаҷҷ ба 17 ҳазору 625 сомонӣ баробар буд. Дар ҷараёни маросими Ҳаҷҷи гузашта чаҳор нафар аз сокинони Тоҷикистон ҷони худро аз даст дода дар Арабистони Саъудӣ дафн шуданд.