Ҳазфи пасванди русии 'ова' аз номи Озода Раҳмон
Озода Раҳмонова, духтари бузурги Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон, насаби худро иваз кардааст.
Тибқи иттилоъи торнамои расмии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, Озода Раҳмонова аз ин ба баъд "Раҳмон Озода Эмомалӣ" ном бурда мешавад.
Тағйири ному насаби мақомоти тоҷик баъд аз интиқоди раиси ҷумҳур ва Додситони кулли ин кишвар аз кундии ин раванд дар моҳи январи соли ҷорӣ муҷаддадан оғоз шудааст.
Тӯли ин муддат Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасод, Абдуфаттоҳи Ғоиб, Қосимҷон Қосимов, вазири кишоварзӣ, Қосими Раҳбар, Нусратулло Салимов, вазири беҳдошт, Нусратулло Файзулло ва Бег Зуҳуров, вазири мухобироти Тоҷикистон Бег Сабурӣ шуданд.
Ҳамчунин, дар ин муддат теъдоде аз мақомоти сутуҳи пойини давлатӣ исму насаби худро ба шакли миллӣ тағйир додаанд. Тағйири ному насаби мақомот аз соли 2007, замоне ки Эмомалӣ Раҳмонов табдили насаб кард ва Раҳмон муъаррифӣ шуд, оғоз шудааст. Вале пас аз муддате ин раванд мутаваққиф шуд.
