Тавсеъаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар бахши нафту гоз
Image copyrightBBC World ServiceШиркати “Чайна Петролиум”-и Чин дар корҳои иктишофии заминшиносӣ дар минтақаҳои нафту гози Тоҷикистон ширкат хоҳад кард.
Ин ширкат бо “Тотал” ва Теттис”, ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон, ки дар манотиқи ҷануби Тоҷикистон ба корҳои иктишофии заминшиносӣ ва истихроҷи нафту гоз машғул ҳастанд, ҳамкорӣ мекунад.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, субҳи сешанбеи 20 май, зимни дидори Ван Дун Ҷен, раиси ширкати “Чайна Петролиум”, бо Президент Раҳмон дар шаҳри Пекин таъкид шудааст, ки “ворид шудани ширкати миллии нафтии Чин ба бозори Тоҷикистон оғозбахши марҳилаи сифатан нави ҳамкорӣ миёни ин ду кишвари ҳамсоя” маҳсуб мешавад.
Зимнан, дар соли ҷорӣ бунёди хатти чоруми лӯлаи интиқоли гози мавсум ба “Осиёи Марказӣ-Чин”, ки аз ҳудуди Тоҷикистон убур мекунад, оғоз хоҳад шуд.
Дар ҳошияи дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Ван Дун Ҷен миёни Тоҷикистон ва ширкати “Чайна Петролиум”-и Чин санади ҳамкорӣ имзо шуд.
Ҳамчунин, шоми гузашта Президент Раҳмон бо Мин Ҷен Чжу, узви Шӯрои давлатии Чин дидор ва масоили марбут ба амнияту ҳуқуқ, аз ҷумла, омодасозии кодрҳо дар мубориза бо ҷароими иттилоотиро баррасӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон ва Мин Ҷен Чжу дар шаҳри Пекин намоишгоҳи мусаввараҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро ифтитоҳ карданд.
Дар ин намоишгоҳ ба наққошони беҳтарин ҷавоиз ва барои Президент Раҳмон унвони ифтихории “Дӯсти рассомони ҷаҳон” эҳдо шуд.
Зимнан, рӯзи гузашта Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳурии Чин низ дидору гуфтугӯ карда буд.
Дидорҳои Президент Раҳмон бо мақомоти Чин дар ҳошияи ҳамоиши сарони кишварҳои узви Кунфаронси таъомул ва эътимодсозӣ дар Осиё (СИКО) анҷом шудааст.
Интизор меравад, ҳамоиши 4-уми сарони кишварҳои узви ин созмон рӯзҳои 20 ва 21 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Шонгҳойи Чин баргузор шуда ва дар он масоили марбут ба таҳкими гуфтугӯҳо ва ҳамоҳангсозии талошҳо барои таъмини сабот дар қорраи Осиё матраҳ шавад.
