Дидори руасои ҷумҳурии Чину Тоҷикистон

  • 19 Май, 2014
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин Image copyrightBBC World Service
Image caption Дар шаҳри Пекин Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳурии Чин дидор кард

Дар шаҳри Пекин Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳурии Чин дидору гуфтугӯ кардааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор тавсеъаи бештари ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Чин дар бахшҳои мухталиф баррасӣ шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар зарфи як соли ахир руасои ин ду кишвар 3 маротиба бо ҳам мулоқот кардаанд, ки ин ҳамчун "нишонаи ҳусни ният ва рушди босуръати муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои самарбахш" арзёбӣ мешавад.

Руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чин аз афзоиши гардиши коло миёни ин ду кишвар дар ду соли ахир ба миқдори 2 милёрд дулор ибрози қаноъатмандӣ карда, оғози фаъъолияти ширкатҳои чинӣ дар бахши саноеъи кӯҳии Тоҷикистонро як гоми муҳим дар рушди ҳамкориҳои тарафайн талақӣ кардаанд.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин масоили марбут ба тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои нақлиёт, иртиботот ва энержӣ, аз ҷумла, бунёди роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон дар ҷануби Тоҷикистон, таҷдиди роҳҳои утумубилрав ва эҳдоси нерӯҳои барқи обиро баррасӣ кардаанд.

Ҷониби Чин баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар шаҳри Пекинро муваффақиятомез хонда ва гуфтааст, тасмим дорад теъдоди бурсия ё саҳмияҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Чинро афзоиш диҳад.

Зимнан, дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпин дар ҳошияи ҳамоиши сарони кишварҳои узви Кунфаронси таъомул ва эътимодсозӣ дар Осиё (СИКО) анҷом шудааст.

Интизор меравад, ҳамоиши 4-уми сарони кишварҳои узви ин созмон рӯзҳои 20 ва 21 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Шонгҳойи Чин баргузор шуда ва дар он масоили марбут ба таҳкими гуфтугӯҳо ва ҳамоҳангсозии талошҳо барои таъмини сабот дар қорраи Осиё матраҳ шавад.