Раҳмон ба манзури ширкат дар иҷлоси СИКО ба Чин рафт

  • 16 Май, 2014
РаҳмонImage copyrightBBC World Service
Image caption Президент Раҳмон озими Чин шуд

Субҳи имрӯз, 16 май, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба манзури ширкат дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Кунферонси таъомул ва эътимодсозӣ дар Осиё (СИКО) озими Чин шуд.

Дар ин дидор оқои Раҳмонро вазири хориҷа, мушовири раиси ҷумҳурӣ дар умури байналмилалӣ ва ашхоси расмии дигар ҳамроҳӣ мекунанд.

Интизор меравад, ҳамоиши 4-уми сарони кишварҳои узви ин созмон рӯзҳои 20 ва 21 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Шонгҳойи Чин баргузор шуда ва дар он масоили марбут ба таҳкими гуфтугӯҳо ва ҳамоҳангсозии талошҳо барои таъмини сабот дар қорраи Осиё матраҳ шавад.

Дар ҷараёни ин ҳамоиш асноди ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва энержӣ имзо хоҳад шуд.

Бино ба иттилоъи хабаргузориҳои Чин, дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Кунферонси таъомул ва эътимодсозӣ дар Осиё дар шаҳри Шонгҳой намояндагони 40 кишвар, аз ҷумла, 14 раиси ҷумҳур ва мақомоти 8 созмони байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард.

Зимнан, дар ҳамоиши қаблӣ, ки дар Туркия дар соли 2010 баргузор шуд, намояндагони 21 кишвар ва 11 созмони байналмилалӣ ҳузур пайдо карда буданд.

Кунферонси таъомул ва эътимодсозӣ дар Осиё ба хотири мусоъидат ба тавсеъаи ҳамкориҳои минтақаӣ ва таъмини саботу амнияти минтақа таъсис шуда ва ҳамоиши нахусти он соли 2002 баргузор шуда буд.

Феълан 24 кишвар узви Кунферонси таъомул ва эътимодсозӣ дар Осиё буда ва 13 кишвари ҷаҳон, назири Омрико, Устролиё, Укройн, Куреи Ҷанубӣ дар ин созмон мақоми нозирро доранд.

Ҳамчунин, дар ҳамоиши сарони ин созмон намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо, Иттиҳодияи Араб ва Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиёи Марказӣ ширкат мекунанд.

Матолиби муртабит