Дидори Раҳмон бо вазири хориҷаи Афғонистон

  • 5 Июн, 2014
РаҳмонImage copyrightBBC World Service
Image caption Президент Раҳмон хостори тавсеъаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба бо Афғонистон шудааст

Президент Раҳмон ибрози умедворӣ карда, ки даври дуюми интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон дар моҳи ҷорӣ ба таҳкими амният ва саботи сиёсӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоъии ин кишвар мусоъидат хоҳад кард.

Бино ба иттилоъи дафтари матбӯъоти риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 5 июн Эмомалӣ Раҳмон зимни дидор бо Зарор Аҳмад Усмонӣ, вазири хориҷаи Афғонистон, гуфтааст, ки пас аз интихоби раиси ҷумҳурии ҷадид равобити миёни ин ду кишвар тавсеъа ёфта, “муносибатҳои ҳусни ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ” миёни Тоҷикистон ва Афғонистон рушд хоҳад кард.

Ҷонибҳо ба тавсеъаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энержӣ, иқтисоду тиҷорат ва нақлиёту роҳсозӣ таъкид кардаанд.

Дар ин мулоқот аз фаъъолияти хатти интиқоли барқи 220-килувотии масири Сангтӯдаи Тоҷикистон ба Пули Хумрии Афғонистон ибрози ризоят шуда, роҳҳои тасреъи бунёди хатти интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон мавсум ба “CASA-1000” матраҳ гардидааст.

Мавзӯъи ҳамкориҳо дар эҳдоси роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва кашидани лӯлаи гоз аз Афғонистон ба Тоҷикистон низ дар меҳвари гуфтугӯҳои Президент Раҳмон ва Зарор Аҳмад Усмонӣ қарор доштааст.

Ҳамчунин, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири хориҷаи Афғонистон аз сатҳи ҳамкориҳои ниҳодҳои низомию амниятӣ ва интизомии ин ду кишвар дар мубориза алайҳи терурисм, бунёдгаройӣ ва қочоқи маводди мухаддир ибрози ризоят кардаанд.

Интизор меравад, Зарор Аҳмад Усмонӣ, вазири хориҷаи Афғонистон, бо Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷа, Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисоду тиҷорат, ва Хайрулло Асозода, вазири роҳу таробарии Тоҷикистон, дидору гуфтугӯ кунад.