Летунӣ ва Тоҷикистон панҷ санади ҳамкорӣ имзо карданд

  • 10 Июн, 2014
Раҳмон ва БерзишImage copyrightBBC World Service
Image caption Нахуст Ондрис Берзинш ва Эмомалӣ Раҳмон изҳороти муштаракеро ба имзо расонданд

Дар мулоқоти раиси ҷумҳурии Летунӣ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф байни ду кишвар имзо шуд.

Нахуст рӯзи сешанбеи 10 июн Ондрис Берзинш ва Эмомалӣ Раҳмон баъд аз анҷоми мулоқоти худ изҳороти муштараки раҳбарони ду кишварро имзо карданд.

Сипас, вазирони умури дохилаи Тоҷикистон ва Летунӣ ё Латвиё мувофиқатнома дар бораи муборизаи муштарак бо терурисм, гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ ва қочоқи маводди мухаддир ва пешмоя (прекусор) барои тавлиди ин маводро имзо карданд.

Ҳамчунин, миёни вазоратхонаҳои омӯзишу парвариши Тоҷикистон ва Летунӣ мувофиқатномаи ҳамкорӣ дар арсаи илм ва маъориф имзо шуд ва раисони кумитеҳои варзиш ва ҷаҳонгардӣ низ санаде дар бораи густариши ҷаҳонгардӣ имзо карданд. Нерӯҳои марзбонии Летунӣ ва Тоҷикистон низ ёддошти тафоҳуме дар бораи аҳмкориҳои марзбонӣ имзо карданд.

Коршиносон бавижа бар аҳаммияти густариши ҳамкориҳо дар бораи таҳкими равобит дар заминаи мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ва ҳифозат аз марзҳо миёни Летунӣ ва Тоҷикистон таъкид мекунанд.

Гуфта мешавад миқдоре аз маводди мухаддире, ки аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон интиқол меёбад, баъд аз расидан ба Русия тавассути марзҳои Летунӣ ба кишварҳои Урупоӣ мунтақил мешавад.

Аз сӯйи дигар, раисони ҷумҳурии ду кишвар баъд аз анҷоми мулоқот ва маросими имзогузорӣ ба тавофуқномаҳо як нишасти кӯтоҳи хабарӣ доир карданд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба зарфиятҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар ишора кард ва сатҳи ҳамкориҳои кунунии онҳоро нокофӣ хонд.

Оқои Раҳмон гуфт: "Мо таъкид кардем, ки ҳарчанд дар маҷмӯъ дар муносибатҳои Тоҷикистону Лотвиё (Летунӣ), аз ҷумла дар бахши тиҷорат тамоюли мусбат ба самти тавсеъа ба чашм мерасад, аммо ҳанӯз имконоти билқувва зиёд аст. Мо изҳори итминон намудем, ки ҳамаҷониба ба кор андохтани ин имконот бо истифода аз васлили мавҷуда ба тақвияти минбаъдаи равобити ду кишвар мусоъидат хоҳад кард."

Вай мегӯяд, ки ҷонибҳо дар мулоқоти имрӯз мавзӯъи ширкати сармоягузорони Летунӣ дар тарҳҳои иқтисодӣ, энержӣ, саноеъ, беҳдошт ва маъодини Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд. Оқои Раҳмон гуфт, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Летунӣ дар чорчӯби созмонҳи байналмилалӣ ва Иттиҳодияи Урупо низ созанда аст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Ин нахустин сафари Ондрис Берзинш ба Тоҷикистон аст

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт дар мавриди ин ки таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба масоили Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои НОТУ дар соли 2014 аз он кишвар бояд коста нашавад, ду ҷониб назари муштараке доранд.

Ба навбаи худ, Ондрис Берзинш, раиси ҷумҳурии Летунӣ, гуфт, ки кишвараш омода аст дар арсаҳои маъориф, кишоварзӣ ва роҳу таробарӣ бо Тоҷикистон ҳамкориҳои густардае дошта бошад.

Оқои Берзинш афзуд: "Мо зимни баррасии масоили амнияти мантақа, вазъи Афғонистон баъд аз соли 2014 ва таъсири он дар кишварҳои Осиёи Миёнаро баррасӣ кардем. Ҳамчунин, дар гуфтугӯ бо оқои Раҳмон мо воқеъоти ахир дар Укройнро низ баррасӣ кардем."

Аммо оқои Берзинш ҷузъиёти гуфтугӯҳояш дар бораи Укройнро шарҳ надод.

Раисҷумҳурии Летунӣ ҳамроҳ бо ҳаъйате аз намояндагони давлат ва порлумони Летунӣ шоми дирӯз вориди Душанбе шуд. Ӯро гурӯҳи бузурге аз рӯзноманигорон аз Летунӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Вай дар ҷараёни сафари серӯзаи худ ба Тоҷикистон бо Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, низ мулоқот мекунад.

Ин дувумин сафари расмии раисони ҷумҳурии Летунӣ ба Тоҷикистон дар 20 соли равобити диплумотик байни ин кишварҳост. Тобистони соли 2009 Волдис Зотлерс, раисҷумҳури пешини Летунӣ, ҳам ба Тоҷикистон сафаре дошт. Он замон се санади ҳамкорӣ дар заминаҳои иқтисодӣ, саноеъ, илму фанноварӣ ва иртибототи ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни ин ду кишвар имзо шуда буд.

Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, табодули коло миёни Тоҷикистону Летунӣ дар соли 2013 беш аз 35 милюн дулори омрикоиро ташкил додааст. Равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвар аз моҳи майи соли 1994 оғоз ёфта ва ҷонибҳо то имрӯз ҳафт санади ҳамкорӣ имзо кардаанд.

Матолиби муртабит