Таъкид ба эҳдоси сареъи роҳи оҳан дар мулоқоти руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон

  • 5 Май, 2014
Раҳмон ва БердимуҳаммадовImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар ҷараёни мулоқоти оқоён Раҳмон ва Бердимуҳаммадов нуҳ санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон гуфтаанд, ки дар мулоқоти худ ба бунёди сареъи роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон ва Тоҷикистон таъкид кардаанд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, рӯзи душанбеи 5 май дар Қасри миллат, доир шуд ва дар чаҳорчӯби он миёни ду кишвар нуҳ санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Оқои Раҳмон дар нашасти хабарӣ баъд аз анҷоми мулоқот гуфт, ки дар ин нишаст ҷонибҳо увзои минтақа ва Афғонистон баъд аз хуруҷи низомиёни НОТУ аз он кишвар ва нақши кишварҳои ҳаммарз дар таъмини субот дар он кишварро матраҳ карданд.

Президент Раҳмон бо таъкид ба густариши равобити Тоҷикистон ва Туркманистон ба вижа дар ҳашт соли ахир, гуфт: "Тавофуқоти ҷадиди мо, фурсатҳои изофиро барои тақвият ва тавсеъаи қабл аз ҳама тиҷорат ва иқтисод ва иртиботот фароҳам мекунад. Мо бори дигар таъйид кардем, ки тамоми талошҳоямонро барои роҳандозии барномаи бунёди роҳи оҳани Туркманистон Афғонистон ва Тоҷикистон ва бунёди сареъи он ба харҷ медиҳем."

Дар тобистони соли 2013 руасои ҷумҳурии Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар маросиме санги пойдевори нахустин роҳи оҳан миёни се кишварро дар шаҳри Отамуроди он кишвар гузоштанд. Коршиносон ин роҳро бавижа барои рушди иқтисодии ду кишвари Тоҷикистон ва Афғонистон муҳим хондаанд.

Оқои Раҳмон мегӯяд, ки дар мулоқоти имрӯзи худ бо Президент Бердимуҳаммадов, ҷонибҳо, тақвияти тадобир барои иҷрои қарордодҳои қаблии ҳамкориҳо дар арсаҳои тиҷорат, иртиботот, иқтисод ва илму фановарӣ миёни ин ду кишварро низ матраҳ кардаанд.

Вай гуфт: "Дар ин ҷода бояд бештар ба арсаҳои мутақобили судманд, назири ҳамлу нақл, аз чумла иртибототи ҳавоӣ ва роҳи оҳан, сафарҳои мутақобили шаҳрвандон ба қаламрави ин кишварҳо, тавсеъаи ҳафри майдонҳои нафт ва гоз, бахши энержӣ ва саноъе ва омӯзишу парвариш таваҷҷуҳ шавад."

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷонибҳо ҳамчунин ба тавофуқ омаданд, ки аз мавзеъи ҳамдигар дар сатҳи байналмилалӣ ҳимоят хоҳанд кард ва дурнамои ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалии бонуфузи ҷаҳониро баррасӣ карданд.

Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, дар нувбати худ, гуфт, ки дар мулоқот ду ҷониб ҳамчунин масъалаи муҳити зист дар минтақа ва истифода аз захоири об дар Осиёи Миёнаро баррасӣ карданд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқоён Раҳмон ва Бердимуҳаммадов дар мулоқоти худ ба бунёди сареъи роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон ва Тоҷикистон таъкид кардаанд

Ӯ афзуд: "Туркманистон чун ҳамеша дар баррасии ин мавзӯъ ба маром ва қонуни байналмилалӣ такя мекунад. Кишвари мо ҳамчунин дар арсаи энержӣ низ сиёсати дарҳои бозро ихтиёр кардааст. Қарор аст, ки дар ояндаи наздик мо бунёди хатти ҷадидро аз Туркманистон ба Чинро оғоз кунем, ки ин хат аз қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон мегузарад.”

Оқои Бердимуҳаммадов гуфт, ки ҷонибҳо мубориза бо терурисм ва ифротгароиро низ дар мулоқоташон матраҳ кардаанд.

Дар ҷараёни ин мулоқоти раҳбарони ду кишвари Тоҷикистон ва Туркманистон нуҳ санади ҳамкорӣ, аз ҷумла миёни вазоратҳои нақлиёт, маъориф, иқтисод ва тиҷорат, варзиш ва ҷаҳонгардӣ ва фарҳанг имзо шуданд.

Вазирони умури хориҷаи ду кишвар низ дар мавриди ҳамкориҳои ин ду ниҳод тавофуқеро ба имзо расониданд. Миёни масъулони донишгоҳҳои миллии ду кишвари Туркманистон ва Тоҷикистон аҳдномае дар мавриди таҳқими равобит ва ҳамкорӣ миёни ин муассисот ба даст омад.

Дар чаҳорчӯби ин тавофуқот, қарор аст, ки Туркманистон дар ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон бинои як мактаби ҳамагониро бунёд кунад.

Раиси ҷумҳурии Туркманистон ба ҷуз аз мулоқот бо Президент Раҳмон бо Коҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва раисони маҷолиси улё ва суфлои порлумони Тоҷикистон дидор хоҳад дошт.

Дар ду даҳаи ахир байни Туркманистон ва Тоҷикистон беш аз 50 тавофуқи ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷорӣ ва иҷтимоъию фарҳангӣ имзо шудааст. Дар дидори расмии раиси ҷумҳурии Туркманистон аз Тоҷикистон дар соли 2010 шаш санади ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар имзо шуда буд, вале бархе аз ин санадҳо то ҳол иҷро нашудаанд.

Аз ҷумла, бар асоси санади ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати ҳавопаймоии Туркманистон дар он замон, қарор буд парвозҳо миёни Душанбе ва Ишқобод аз сар гирифта шавад, аммо то ҳол дар ин росто иқдоме сурат нагирифтааст.

Бар асоси иттилоъи расмӣ, табодули коло миёни ин ду кишвари Осиёи Миёна сол то сол афзоиш ёфта ва дар соли 2013 беш аз 119 милюн дулори омрикоиро ташкил додааст.

Муносиботи диплумотик миёни Тоҷикистон ва Туркманистон аз моҳи январи соли 1993, дар давраи раҳбарии Сафармурод Ниёзов, раиси ҷумҳурии фақиди Туркманистон оғоз ёфтааст.

Матолиби муртабит