Дар дидори Бердимуҳаммадов аз Душанбе шаш санад имзо мешавад

  • 2 Май, 2014
Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ БердимуҳаммадовImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар дидори оқоён Раҳмон ва Бердимуҳаммадов шаш санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар имзо хоҳад шуд

Дар дидори қарибулвуқӯъи руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар Душанбе шаш санади ҳамкорӣ миёни ин кишварҳо имзо хоҳад шуд.

Қарор аст ин аснод дар ҷараёни сафари кории дурӯзаи Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, ба Тоҷикистон, ки рӯзи душанбеи 5 май оғоз мешавад, ба имзо бирасад.

Абдулфайз Атоев, сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 2 май дар нишасте хабарӣ гуфт, ки дар ин сафар оқои Бердимуҳаммадовро ҳайъате вижа аз Туркманистон ҳамроҳӣ мекунад.

Дар ҷараёни ин сафар ба ҷуз аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, оқои Бердимуҳаммадов бо раисони маҷолиси улё ва суфлои порлумони Тоҷикистон ва нахуствазири ин кишвар низ дидор хоҳад дошт.

Масъулони Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯз ба "муносиботи хуби" ду кишвар дар ду даҳаи ахир таъкид карданд. Онҳо аз рӯзноманигорон низ хостанд, ки бо бозтоби ҷанбаҳои мусбати ин равобит дар густариши бештари ҳамкориҳо миёни ду кишвар саҳм гузоранд.

Тибқи гузоришҳои расмӣ, табодули коло миёни ин ду кишвари Осиёи Миёна сол то сол афзоиш ёфта ва дар соли 2013 беш аз 119 милюн дулори омрикоиро ташкил додааст.

Ҳамчунин, дар ду даҳаи ахир байни Туркманистон ва Тоҷикистон беш аз 50 тавофуқи ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷорӣ ва иҷтимоъию фарҳангӣ имзо шудааст.

Тоҷикистон аз Туркманистон бештар маводди нафтӣ, равғанҳои наботӣ ва маводди сохтумонӣ харидорӣ ва ба он кишвар олуминиюм ва маҳсулоти кишоварзӣ содир мекунад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Атоев мегӯяд, ки муносиботи миёни Тоҷикистон ва Туркманистон дар сатҳи хубе қарор дорад

Дар моҳи августи соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Туркманистон сафаре расмӣ дошт, ки дар ҷараёни он ҳафт санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расид.

Дар дидори расмии Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз Тоҷикистон дар соли 2010 ҳам шаш санади ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар имзо шуд, вале бархе аз ин санадҳо то ҳол иҷро нашудаанд.

Аз ҷумла, бар асоси санади ҳамкорӣ миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати ҳавопаймоии Туркманистон қарор буд парвозҳо миёни Душанбе ва Ишқобод аз сар гирифта шавад, аммо дар чаҳор соли ахир ин парвозҳо анҷом нашудааст.

Дар тобистони соли 2013 руасои ҷумҳурии Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар маросиме санги пойдевори нахустин роҳи оҳан миёни се кишварро дар шаҳри Отамуроди он кишвар гузоштанд. Коршиносон ин роҳро бавижа барои рушди иқтисодии ду кишвари Тоҷикистон ва Афғонистон муҳим хондаанд.

Муносиботи диплумотик миёни Тоҷикистон ва Туркманистон аз моҳи январи соли 1993, дар давраи раҳбарии Сафармурод Ниёзов, раиси ҷумҳурии фақиди Туркманистон оғоз ёфтааст.

Матолиби муртабит