Амонлиев ба сафорати Туркманистон дар Душанбе мансуб шуд

  • 25 Феврал, 2014

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, фармонеро дар бораи интисоби сафири ҷадиди ин кишвар дар Тоҷикистон имзо кардааст.

Тибқи ин фармон, Ишонгулӣ Амонлиев, ба симати сафири фавқулъода ва мухтори Туркманистон дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, мансуб шудааст. Дар ин бора телевизиюни давлатии Туркманистон, мавсум ба "Олтин-Асир" рӯзи душанбеи 24 феврал хабар дод.

Оқои Амонлиев дар ин симати диплумотик ҷойгузини Чинор Рустамова, сафири собиқи Туркманистон дар Тоҷикистон, шуд, ки макъмурияташ ахиран ба поён расида буд.

Оқои Амонлиев мутаваллиди соли 1967 ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи Хоҷатеппаи Онқоро (Туркия) аст. Вай қаблан муддате дар Афғонистон ва сипас дар Эрон (Машҳад) дар симатҳои диплумотик кор кардааст.

Вай пештар аз кормандони бахши Ховари Миёнаи Вазорати хориҷаи Туркманистон буд ва китобу мақолоте дар бораи имперотурии Усмонӣ ва равобити байналмилалӣ интишор додааст.

Туркманистон ва Тоҷикистон агарчи ҳарду аз ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ маҳсуб мешаванд, вале байни ду кишвар низоми раводид вуҷуд дорад. Байни ду кишвар ахиран ихтилофи назаре бар сари тарҳи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон буруз кардааст.

Ин ихтилоф пас аз он буруз кард, ки Амонуллои Ҳукуматулло, раиси собиқи ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон", дар нишасте гуфт, ки мақомоти афғон барои бунёди ин роҳ ибрози омодагӣ кардаанд.

Аммо мақомоти туркман ёддоште эътирозӣ ба Тоҷикистон фиристода ва гуфтанд, ки гуфтугӯҳо дар мавриди ин тарҳи сеҷониба набояд бидуни ҳузури Туркманистон сурат бигирад.