АБ: Интихоботи Туркманистон фазои саркӯбро аз миён нахоҳад бурд

Созмони Афви Байналмилал гуфтааст, ки интихоботи порлумонии Туркманистон наметавонад фазои саркӯб, маҳрумият аз ҳуқуқи асосии башар ва тарсу нигаронии мардумро, ки солҳои тӯлонӣ идома дорад, аз миён бибарад.
Ин созмон мегӯяд, ки мақомоти Туркманистон бо баргузории интихоботи порлумонӣ дар он кишвар тазоҳур ба ислоҳот мекунанд ва мехоҳанд бо ин иқдом ҷомеъаи байналмилалиро ором кунанд.
Баёнияи Афви Байналмилал рӯзи панҷшанбеи 12 декабр мунташир шуд.
Ҷон Долҳусен (John Dalhuisen), мудири барномаҳои ин созмон барои Урупо ва Осиёи Миёна, ҳамчунин гуфтааст, ки ислоҳоти ахир дар ин кишвар жесте барои мунҳариф сохтани ҷомеъаи байналмилалӣ аст.
Оқои Долҳусен гуфтааст: "Сармоягузорони хориҷӣ набояд фирефтаи ин иқдомот шаванд ва ё аз он барои тавҷеҳи кори худ истифода кунанд. Дар Туркманистон ҳануз ҳеҷ гуна ҳизби мухолифи воқеъӣ, расонаҳои мустақил ва созмонҳои мустақилли дифоъ аз ҳуқуқи башар вуҷуд надоранд."
Афви Байналмилал дар гузорише бо номи "Туркманистон: "Асри хушбахтӣ ё саркӯбиҳои бештар" мавориди густардаи нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвари баста ва таҳти кунтрули шадидро баррасӣ кардааст.
Дар ин гузориш омадааст, ки нозирони мустақил аз имкони сафар ба Туркманистон маҳрум ҳастанд ва имкони дарзи иттилоъот аз дохили ин кишвар вуҷуд надорад. Ва фазои тарсу бим аммо, хеле фаротар аз марзҳои Туркманистон меравад.
Як манбаъ аз Туркманистон ба коршиносони ин созмон гуфтааст, ки бештари мардум аз гуфтани сухани "ноҷо" бим доранд ва аз муъошират бо ҳамдигар иҷтиноб меварзанд.
Ҳамчунин дар Туркманистон иртиботот ва иттилоъот таҳти назорати шадид қарор дошта ва мақомоти ин кишвар барои назорат бар иртиботи интернетӣ ва телефунӣ сармояи ҳангуфте ихтисос медиҳанд.
Дар гузориши ин созмон омадааст, ки беш аз 37 ҳазор шаҳрванди туркман (мухолифон), аз ҷумлаи аъзои анҷуманҳо ва созмонҳои мазҳабӣ дар феҳристи ба истилоҳ "сиёҳ" шомил шудаанд ва барои онҳо ва аъзои хонаводаи ин афрод сафар ба хориҷ аз ин кишвар, ҳатто барои дармони бемориҳо, мамнӯъ аст.
Созмони Афви Байналмилал ҳамчунин аз мавориди зиёди истифода аз шиканҷа дар Туркманистон гузориш дода гуфтааст, ки "мавориди густардаи истифода аз шиканҷа алайҳи боздоштшудагон барои эътирофи ҷурм зиёд аст."
Ин созмон ҳамчунин шеваҳои истифода аз шиканҷа дар Туркманистонро низ матраҳ кардааст. Сӯзан задан ба зери нохун, шуки барқӣ, хафа кардан, хушунати ҷинсии системотик, истифода аз доруҳо барои беморони равонӣ, зарбу лат бо ботун (чӯби вижаи пулис) ё бутрии плостикии об, бо лагад задан, маҳрумият аз ғизо ва об ва дар маҳалли сард нигоҳ доштан аз шеваҳои мухталифи шиканҷа дар Туркманистон будааст.
Ҷон Долҳусен, мудири барномаҳои ин созмон барои Урупо ва Осиёи Миёна, гуфтааст, ки ин мавориди нақзи ҳуқуқи башар дар Туркманистон қатрае аз дарёст ва чашмандози воқеъии нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар бо "Даврони тавоноӣ ва хушбахтӣ" таҳти раҳбарии Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов, раиси ҷумҳур, ки расонаҳои давлатӣ эълом мекунанд, фарсахҳо фосила дорад.
Оқои Долҳусен таъкид кардааст, ки ҷомеъаи байналмилалӣ бояд масоили марбут ба озодиҳои сиёсӣ ва маданӣ ва нақзи густардаи ҳуқуқи башарро ба сурати мудовим дар дастури кор ва дар гуфтугӯҳои худ бо мақомоти туркман қарор бидиҳад.
Баёнияи созмони Афви Байналмилал дар остонаи интихоботи порлумонии Туркманистон, ки қарор аст 15 декабр доир шавад, интишор ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо аз эъзоми нозирони худ барои назорат бар ҷараёни интихоботи порлумонии Туркманистон ба Ишқобод хабар додааст.
