Талоши Туркманистон барои судури гоз аз тариқи хоки Туркия
Абдуллоҳ Гул, раиси ҷумҳури Туркия пас аз дидору гуфтугӯ бо Қурбонгул Бердимуҳаммадов ҳамтои туркмании худ дар Ишқобод гуфтааст, кишвараш омодааст гози табиии Туркманистонро ба масрафкунандагон дар Урупо интиқол бидиҳад.
Туркманистон, кишваре бо ҷамъияти беш аз панҷ миллиюн, ки аз лиҳози захоири табии гоз дар ҷаҳон дар радаи чаҳорум қарор дорад, умедвор аст бо истифодаи ин захоир ба шукуфоии иқтисодӣ бирасад.
Қарор аст Туркманистон ба торихи 30 июн баҳрабардорӣ аз майдони гози Галкиниш, дувумин майдони бузурги гоз дар ҷаҳонро оғоз кунад. Туркманистон ҳоло гозро аз тариқи Русия ва ба кишварҳои Эрон ва Чин содир мекунад.
Имрӯз, панҷшанбеи 30 май Боймурод Хоҷамуродов, муъовини нахуствазири Туркманистон ва Танер Юлдуз, вазири энержии Туркия тавофуқномаи ҳамкорӣ дар мавриди интиқоли гозро бо ҳузури руасои ҷумҳури ду кишвар имзо кардаанд.
Пештар мақомоти баландпояи Туркия гуфта буданд, ки Туркманистон омодааст ба тарҳи 8 миллиёрддулории лулаи гози мавсум ба ТАНАП бипайвандад.
Ин тарҳ, ки аз суи ширкати давлатии Озарбойҷон мавсум ба СОКАР (SOCAR) кунтрул мешавад ҳадаф дорад гози Озарбойҷонро аз тариқи қаламрави Туркия ба бозорҳои Урупо бирасонад.
Мақомоти Озарбойҷон гуфтаанд онҳо аз бунёди хатти лулаи гоз аз Туркманистон ба Озарбойҷон аз тариқи дарёи Хазар дар сурати иттихози чунин тасмим аз суи Туркманистон истиқбол мекунанд.
Интизор меравад иҷрои тарҳи ТАНАП то поёни соли 2013 оғоз шавад.
Қарор аст лулаи гози Танап дар соли 2018 мавриди истифода қарор бигирад ва солона ҳудуди 16 миллиёрд метри мукааб гози Озарбойҷонро ба Урупо интиқол диҳад.
Содироти гози Туркманистон ба Русия, ки бозори суннатии гози Туркманистон буд, тайи чанд соли ахир шадидан коҳиш ёфта ва танҳо 10 миллиёрд метри мукаабро ташкил медиҳад.
Содироти гози Туркманистон дар соли 2012 ба Чин ба 20 миллиёрд метри мукааб расид. Содироти солонаи гози Туркманистон ба Эрон тибқи гузоришҳои расмӣ 14 миллиёрд метри мукаабро ташкил медиҳад, аммо гуфта мешавад содироти воқеъӣ ба ин кишвар камтар аз он аст.
Интизор меравад имсол Туркманистон миёни 75 ило 80 миллиёрд метри мукааб гоз тавлид кунад, ки нисбат ба 70 миллиёрд метри мукааб гоз дар соли 2012 бештар аст.
Туркманистон умедвор аст то соли 2030 230 миллиёрд метри мукааб гоз тавлид кунад.
