Раиси ҷумҳури Туркманистон аз асп уфтод

  • 30 Апрел, 2013

Сарфи назар аз талошҳои давлати Туркманистон барои ҷилавгирӣ аз пайдо шудани ҳар гуна иттилоъот дар расонаҳо дар бораи ин маврид дар интернет видиюе пайдо шуда, ки зоҳиран уфтодани Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури ин кишварро аз асп нишон медиҳад.

Раҳбари қудратгарои Туркманистон дар ҷараёни мусобиқоти аспдавонӣ дар ҷашни миллии Рӯзи аспи Ахалтекин, аз зоти аспҳои маҳаллии турманӣ аз асп афтидааст. Оқои Бердимуҳаммадов дар ин мусобиқот пирӯз шуд, аммо пас аз мусобиқот аспи ӯ пешпо хурда ва худи ӯ аз рӯи зин ба рӯи замин афтидааст.

Дар ин видию дида мешавад, ки ӯ рӯи замин уфтодааст ва ӯро омбулонс интиқол медиҳад, аммо пас аз муддате ӯ дар маросими эътои ҷавоиз бидуни осеб дида мешавад.

Аз рӯзноманигорони ҳозир дар ин мусобиқот тақозо шуд, ки сабти ин ҳодисаро ҳазф кунанд. Расонаҳои маҳаллӣ танҳо гузориш доданд, ки раиси ҷумҳур дар ин мусобиқот пирӯз шудааст.