Интиқод аз Лопез барои овозхонӣ дар маҳфили таваллуди Бердимуҳаммедов

Ҷенифер Лопез барои иҷрои оҳанги "Таваллуд муборак" ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисҷумҳури Туркманистон, ки мунаққизи ҳуқуқи инсон хонда мешавад, мавриди интиқоди гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар қарор гирифт.
Ин овозхон ва ҳунарпешаи машҳури омрикоӣ рӯзи шанбеи гузашта меҳмони маҳфили вижае дар Туркманистон буд, ки ширкати чинии Чайна Нейшнол Патролиюм (China National Petroleum Corp) мизбонии онро бар ӯҳда дошт.
Сухангӯи Ҷенифер Лопез гуфтааст, ки агар ин овозхон аз масоили марбут ба ҳуқуқи башар дар ин кишвари Осиёи Миёна хабар медошт, дар ин маҳфил ҳунарнамоӣ намекард.
Ин дар ҳолест, ки Туркманистон аз миёни он кишварҳоест, ки пайваста мавриди интиқод аз сӯи кишварҳо ва созмонҳои гуногун дар заминаи нақзи ҳуқуқи башар қарор мегирад.
Дидбони Ҳуқуқи Башар Туркманистонро "дар миёни саркубгаротарин кишварҳои дунё" қарор додааст.
Моҳе қабл, Иван Шимонович, масъули ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид пас аз сафари худ ба Туркманистон гуфта буд, ки ин кишвар перафтҳои андаке таҷруба карда, аммо "корҳои зиёде бояд дар ин росто анҷом бигирад, то ба истондортҳои байналмиллалӣ посухгӯ бошад".
Ҷенифер Лопез рӯзи шанбе мунтахабе аз оҳангҳои мушҳури худро дар маҳфиле дар Туркманистон иҷро кардааст.
Дар изҳороте, ки сухангӯи Ҷенифер Лопез ба Асошиейтед Прес ирсол дошт, гуфта шуда, ин маҳфили сиёсӣ набуд ва афзудааст: "Агар Ҷенифер иттилоъе дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар даст медошт, ба ҳеҷ ваҷҳ дар он маҳфил шитркат намекард."
Ин изҳорот ҳамчунин шарҳ дода, ки оҳанги "Таваллуд муборак" дархосте буд, ки дақоиқе қабл аз рафтани Ҷенифер Лопез ба саҳна аз ӯ сурат гирифтааст ва ӯ ин дархостро "бо меҳрубонӣ пазируфтааст".
Маблағе, ки Ҷенифер Лопез аз иҷрои барнома дар ин маҳфил дарёфт кард, ифшо нашудааст ва таъкид шудааст, ки қарор нест хонуми Лопез дар барномаҳое дигар дар ин кишвар ширкат кунад.
Дар соли 2007 созмони Афви Байналмилал Ҷенифер Лопезро барои иҷрои нақши аслӣ дар филми "Шаҳри марзӣ", ки дар бораи масоили ҳуқуқи башар дар Мекзик ҳикоят мекунад, муҳтарам шумурда буд. Хонуми Лопез тавлидкунандаи ин филм буд.
Тор Ҳалврсин, раиси Анҷумани Ҳуқуқи Башар изҳороте мунташир карда ва дар он гуфтааст: "Ин ҳаққи Лопез аст, ки барои гузарони рӯзгораш барои диктотурҳо ва доираи дӯстони онҳо барнома иҷро кунад. Аммо ин кори ӯ бо паёме, ки вай дар ҳамкорӣ бо Афви Байналмилаллал дар доираи тарҳе барои ҳимоят аз ҳуқуқи занҳо дар Мекзик ироа карда буд, комилан муғойират дорад."
Ҷенифер Лопез, танҳо чеҳраи шӯҳратманд нест, ки дар пайи иҷрои барномаҳо барои кишварҳо ё афроде, ки дар нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам мешаванд, мавриди интиқод қарор мегирад.
Дар соли 2011 Ҳилари Свонк, ҳунарпешаи дорандаи Ускор пас аз ширкат дар маҳфили таваллуди раҳбари Чечен - Рамазон Қодиров, ки дар куштору шиканҷа муттаҳам мешавад, узрхоҳӣ карда ва мудирашро аз кор барканор кард.
Биёнсе, Нэли Фуртоду, 50 сент, Мария Каре ва Ушер гуфтаанд, ки маболиғи дарёфтшуда аз ширкати онҳо дар маҳофили гурӯҳҳои муртабит бо Муаммар Қаззофиро ба созмонҳои хайрия хоҳанд дод.
Ин маҳофил дар солҳои 2005 то 2009 баргузор шудаанд. Ҳамаи ин ҳунармандон гуфта буданд, ки аз иртиботи ин гурӯҳҳо бо аъмоли терруристӣ хабар надоштаанд.
