Оғози рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон

  • 3 Июн, 2013

Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар он кишвар оғоз шудааст.

Тибқи иттилоъи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳайъати фарҳангии ин кишварро Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанг ва Руқия Қурбонова, муъовини нахуствазири Тоҷикистон сарпарастӣ мекунанд.

Дар чорчӯби барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарии ин рӯзҳо, намоиши филмҳои сохтаи синемогарони тоҷик, намоишгоҳҳои осори наққошони муосир ва барномаҳои кунсертии овозхонон ва рақосони Тоҷикистон дар назар аст.

Маросими ифтитоҳии ин барномаҳои фарҳангӣ, рӯзи якшанбеи 2 июн дар бинои Маркази фарҳангии Туркманистон бо суханрониҳои намояндагони арсаи фарҳангии тоҷику туркман баргузор шудааст. Дар барномаи ҳунарие, ки баъд аз маросими расмӣ доир шуд, ҳунармандони Тоҷикистон ва Туркманистон кунсерти муштаракеро иҷро кардаанд.

Қарор аст, ки ҳунармандони тоҷикистонӣ ба ҷуз аз иҷрои барномаҳои ҳунарӣ дар шаҳри Ишқобод, ҳамчунин барои сокинони вилояти Лабоби Туркманистон низ барномаҳои ҳунарӣ намоиш диҳанд.

Баргузории барномаҳои ҳунарии Тоҷикистон дар Туркманистон бар асоси созишномаи миёни ду кишвар дар заминаи ҳамкориҳои фарҳангӣ барои солҳои 2012-2014 амалӣ мешаванд.

Ин созишнома дар тобистони соли 2012 дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ба имзо расида буд.