Аслов бо ҳамтои саъудияш ёддошти тафоҳум имзо кард

  • 1 Апрел, 2014

Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷараёни сафараш ба Арабистони Саъудӣ бо вузарои хориҷа ва иқтисоди ин кишвар дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба мулоқот кардааст.

Тибқи иттилоъи манобеъи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, оқои Аслов рӯзи душанбеи 31 март дар Риёз бо шоҳзода Саъуд ал-Файсал як ёддошти тафоҳум дар бораи ройзаниҳои дуҷонибаи сиёсӣ байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи ду кишвар имзо кардааст.

Торнамояи вазорати хориҷаи Тоҷикистон менависад: "Ҷонибҳо бо ишора ба имконияту зарфиятҳои густардаи ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар, омодагӣ ва рағбати худро ба таҳким ва тавсеъаи бештари муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун баён карданд."

Дар ин сафар оқои Аслов ҳамчунин бо Муҳаммад ал-Ҷосир, вазири иқтисод ва барномарезии Арабистони Саъудӣ, низ мулоқот карда ва ҷонибҳо хостори гумтариши ҳамкориҳо дар бахши хусусӣ шудаанд.

Манобеъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар арсаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энержӣ, кишоварзӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар дидор бо Абдуллоҳ ибни Саид ал-Мабтӣ, раиси Шӯрои утоқҳои бозаргонии Арабистони Саъудӣ, бар зарурати ҳамкории ин ниҳод бо Утоқи бозаргонии Тоҷикистон таъкид кардааст.