Дидори расмии раиси ҷумҳурии Летунӣ аз Тоҷикистон

  • 9 Июн, 2014
Нишасти хабарӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Атоев мегӯяд, ки дар ҷараёни ин сафар панҷ санади ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар ба имзо хоҳанд расид

Масъулони Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти хабарие аз сафари расмии раиси ҷумҳурии Летунӣ ба Тоҷикистон хабар додаанд.

Бар асоси иттилоъи дафтари матбуъотии ин инҳод, сафари расмии Ондрес Берзинш, раиси ҷумҳурии Летунӣ ба ин кишвар, шаби рӯзи душанбеи 9 июн оғоз хоҳад шуд.

Абдулфайз Атоев, сухангӯйи ин дафтар мегӯяд, ки оқои Берзниш барои сафари серӯза ба Тоҷикистон омада ва ин дидор субҳи рӯзи сешанбе аз мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз хоҳад шуд.

Оқои Атоев афзуд: “Дар ҷараёни ин сафар панҷ санади ҳамкориҳои миёни ду кишвари Летунӣ ва Тоҷикистон ба имзо хоҳад расид. Дар мулоқоти фардо, ҳамчунин,гурӯҳҳои корӣ аз ду кишвар дар мавриди тақвияти ҳамкориҳои судманди миёни кишварҳо гуфтугӯ хоҳанд кард.”

Оқои Атоев аз ҷузъиёти бештаре дар мавриди санадҳо иттилоъ надод, аммо гуфт, интизор меравад, ки оқои Берзниш дар ҷараёни сафари расмии худ аз Тоҷикистон бо Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони порлумони ин кишвар низ мулоқотҳо анҷом диҳад.

Тибқи иттилоъи расмӣ табодули коло миёни Тоҷикистону Летунӣ дар соли 2013 беш аз 35 милиюн дулори омрикоиро ташкил додааст.

Равобити сиёсӣ ва иқтисоди миёни Тоҷикистону Летунӣ аз моҳи майи соли 1994 оғоз ёфта ва миёни ин ду кишвар то имрӯз ҳафт санади ҳамкориҳо имзо шудааст. Дар зимистони соли 2009 Президент Раҳмон сафари расмӣ ба Летониро анҷом дода буд ва дар тобистони он сол сафари расмии ҷавобии Валдис Затлерс, раиси чуҳурии қаблии Летунӣ ба Тоҷикистон сурат гирифта буд.

Дар он замон се санади ҳамкорӣ дар заминаҳои иқтисодӣ, саноеъ, илмию фаннӣ ва иртибототи ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни ин ду кишвар ба имзо расида буд.

Гуфта мешавад, ки Летунӣ алоқаманди густариши ҳамкории кишвараш бо Тоҷикистон дар заминаи энержӣ, бавижа бунёди нерӯгоҳҳои кучаки барқӣ будааст.

Матолиби муртабит