Нигаронии Раҳмон аз афзоиши қиматҳои бозор дар моҳи рамазон

  • 1 Июл, 2014
Эмомалӣ Раҳмон Image copyrightBBC World Service
Image caption Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши қиматҳо дар бозорҳо ибрози нигаронӣ кард

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон болоравии арзиши маводди ғизоӣ, бахусус гӯштро, дар бозори дохилӣ “сунъӣ” хонда ва хостори ҷилавгирӣ аз ин раванд шудааст.

Тибқи иттилоъи торнамои риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни машварати корӣ бо масъулони бахши кишоварзӣ ва руасои шаҳру навоҳии ҳумаи Душанбе, пойтахт, дар рӯзи сешанбеи 1 июл дар ин замина ибрози назар кардааст.

Оқои Раҳмон аз афзоиши сареъи баҳои гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва гуфтааст: "Нархи сӯзишворӣ нисбат ба чанд соли охир хеле паст шуда, хӯроки чорво дар ҷумҳурӣ фаровон аст ва арзиши гӯшт дар бозор набояд боло равад."

Дар остонаи моҳи рамазон, ки мусалмонон ба ҳангоми гирифтани рӯза ба маводди ғизоии муқаввӣ ниёз доранд, арзиши маводди ғизоӣ, бахусус гӯшт, ҳудуди 15 дарсад афзоиш ёфтааст. Яъне, қимати як килуграм гӯшти гов аз 35 сомонӣ то 40 сомонӣ боло рафтааст.

Шабакаи аввали телевизиюни давлатии Тоҷикистон шаби гузашта дар канори болоравии сареъи арзиши гӯшт, аз баста шудани бештари қассобхонаҳо ё фурӯшгоҳҳои гӯшт ва ба муштариён арза шудани гӯшти дорои кайфияти пойин гузориш дод.

Дар солҳои қаблӣ низ дар моҳи рамазон арзиши маводди ғизоӣ ба таври қобили мулоҳизае боло рафта ва тадобири сахтгиронаи шаҳрдории Душанбе барои танзими қиматҳо дар бозорҳо чандон муассир набудааст.

Ба ин тартиб арзиши як килуграм гӯшти гов аз 18 сомонӣ дар соли 2011 то 40 сомонӣ дар соли ҷорӣ боло рафтааст.

Ба эътиқоди коршиносон, афзоиши сареъи қимати маводди ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон мумкин аст ба норизоятиҳое дар ҷомеъаи кишвар доман занад.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони бахши кишоварзии кишвар дастур дода, то тавассути “афзун намудани истеҳсолот ва таъмини фаровонӣ дар бозорҳо ба пойин рафтани нархҳо мусоъидат кунанд.”

Дар ҷаласаи ҳайъати давлати Тоҷикистон дар зуҳри душанбеи 30 июн низ оқои Раҳмон “аз болоравии сунъии нархи маводди ғизоӣ, бахусус гӯшт дар моҳи шарифи рамазон” ибрози нигаронӣ карда ва аз масъулони ниҳодҳои зирабт хост, то илали ин равандро мушаххас карда ва барои рафъи ин мушкил тадобири лозимӣ андешанд.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи расму ойин ва суннатҳои мусалмонӣ дар моҳи рамазон арзиши куллияи мавод пойин рафта ва барои мардуми рӯзадор шароити мусоъид фароҳам мешавад, на ин ки арзиши мавод ба таври маснӯъӣ боло равад.

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, низ рӯзи сешанбеи 1 июл дар ҷаласаи шаҳрдорӣ аз тавлидкунандагони маводди ғизоӣ, раисони бозорҳои пойтахт, намояндагони ниҳодҳои инттизомӣ ва имом-хатибҳои масоҷиди шаҳр хостаст, то барои танзими қиматҳо дар бозорҳо тадобире фаврӣ анҷом диҳанд.

Бино ба иттилоъи Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдорӣ, оқои Убайдуллоев аз тоҷирони дохилӣ хоста, ки дар моҳи рамазон 20 навъи маводди ғизоӣ, назири гӯшт, тухм, орд, рӯғани наботӣ, биринҷро арзон кунанд.

Шаҳрдори Душанбе ба руасои бозорҳои давлатӣ ва хусусӣ дастур додааст, ки арзиши як килуграм гӯшти бо кайфияти хуби говро аз 36 сомонӣ боло набурда ва барои назорат бар иҷрои ин дастур дар дуконҳои гӯштфурӯшӣ дурбинҳо насб шаванд.

Ҳамчунин, муҷаввизи қассобҳое, ки дар ду рӯзи аввали моҳи рамазон дар бозорҳои “Саховат”, “Шоҳмансур” ва фурӯшгоҳи “Ёвар” дуконҳои худро баста буданд, бозпас гирифта шудааст.

Матолиби муртабит