Барқияи шодбоши Президент Раҳмон ба раиси ҷумҳурии тозаинтихоби Укройн
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Пётр Пурушенку, раиси ҷумҳурии мунтахаби Укройнро бо пирӯзӣ дар интихоботи ҳафтаи қабл дар он кишвар шодбош гуфт.
Тибқи иттилоъи сойти расмии раёсати ҷумҳурӣ аз рӯзи душанбеи 2 июн, Эмомалӣ Раҳмон, бо ирсоли номаи табрикӣ ба оқои Пурушенку изҳори умедворӣ кард, ки дар оянда низ миёни ду кишвари Тоҷикистон ва Укройн муносиботи дӯстона ва равобити мутақобили судманд боқӣ хоҳанд монд.
Оқои Раҳмон ҳамчунин афзудаст: “Пирӯзии Шумо дар интихобот, натанҳо баёнгари он аст, ки сокинони Укройн ба Шумо эътимод доранд, балки барномаи Шумо барои ором кардани вазъият дар кишвар ва тавсеъаи ояндаи иҷтимоъӣ ва иқтисодии он равона шуда ва баёнгари майли содиқонаи зиндагии раъйдиҳандагони кишвар дар фазои субот аст.”
Пётр Пурушенку як милёрдер ва соҳиби маҷмӯъаи бузурги шукулотсозии "Рушен" аст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Укройн дар 25 май пирӯзиро ба даст овардааст.
Президент Раҳмон, ҳамчунин барқияи шодбошро ба Абдулфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи собиқи артиш, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Миср пирӯз шудааст, ирсол кардааст.
Оқои Раҳмон ба Президенти Миср низ орзуи овардани сулҳ ва субот ба кишварашро таманно кардааст.
