Президент Раҳмон хостори рушди футбол шуд

  • 1 Июл, 2014
Футбол Image copyrightBBC World Service
Image caption Феълан дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФО дар зинаи 113-ум ҷой гирифтааст

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниҳодҳои зирабт дастур додааст, то дар “оммавияти варзишу тарбияи ҷисмонӣ, хусусан рушди футбол дар ҷумҳурӣ” ҷиддан талош кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон асри душанбеи 30 июн дар ҷаласаи ҳайъати давлати Тоҷикистон гуфтааст, барои рушди варзиш дар ин кишвар бояд “аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда” истифода шавад.

Бино ба иттилоъи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин ҷаласа гузориши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии ин кишвар дар мавриди раванди иҷрои “Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012-2016” баррасӣ шудааст.

Ин барнома пас аз мулоқоти Президент Раҳмон бо варзишгарони кишвар дар 20 декабри соли 2010 ва бар асоси пешниҳодоти варзишгарону ниҳодҳои варзишӣ таҳия шуда буд.

Тибқи гузориши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон, дар ҷараёни иҷрои ин барнома дар ин кишвар 19 варзишгоҳ, 100 майдони футбол бунёд шуда, 103 мактаби варзишӣ бо 603 гурӯҳи футбол таъсис шудааст.

Ҳамчунин, дар ин муддат дар Тоҷикистон 5 мактаби вижаи футбол ва Академияи футбол шурӯъ ба фаъъолият кардааст.

Феълан Тоҷикистон дар радабандии Федеротсиюни Ҷаҳонии Футбол (ФИФО) дар миёни 208 кишвари ҷаҳон дар зинаи 113-ум қарор дорад, ки дар муқоиса ба соли 2011 чилу як зина боло аст.

Дар миёни кишварҳои қораи Осиё дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мавқеъи 19-ум ҷой гирифтааст.