Даъвати Раҳмон аз туҷҷор ва болоравии арзиши гӯшт
Image copyrightBBC World ServiceРаиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми телевизиюнӣ мардуми кишварро бо фарорасии моҳи Рамазон шодбош гуфтааст.
Дар паёми имсола низ Президент Раҳмон аз фазилатҳои неки ин моҳ сухан карда ва мардумро ба саховатмандӣ даъват кардааст.
Оқои Раҳмон гуфтааст: “Бахусус, сарватмандону тоҷирон агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда, дари хайру саховатро боз кунанд ва молу маҳсулоти худро ба бародарони мӯъмин арзонӣ фармоянд, ба ивази он сазовори аҷри азим аз тарафи Худованд хоҳанд шуд”.
Вай афзудааст: “Аз тарафи дигар, ба хотири фоидаи бештар гирифтан арзиши молро баланд бардоштан, хусусан дар моҳи шарифи Рамазон гуноҳест, ки дар дини мубини ислом маҳкум карда мешавад... Бинобар ин, инсон бояд зимоми нафсашро дар ихтиёр гирифта, ҳирсро ба қаноат табдил диҳад”.
Дар ҳафтаи ҷорӣ Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон низ зимни табрики мусалмонони кишвар бо фарорасии моҳи Рамазон аз туҷҷор даъват карда буд, ки аз болоравии қиматҳо ҷилавгирӣ кунанд.
Дар солҳои қаблӣ шаҳрдории Душанбе низ даъвати мушобеҳеро ироъа карда ва дар моҳи Рамазон қиматҳоро танзим мекард. Вале ба гуфтаи Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдор, дар соли ҷорӣ тасмим шудааст, аз ин таҷруба сарфи назар шавад.
Вай гуфт: “Ҳамасола чунин муқаррарот ба афзоиши нигарониҳое дар миёни туҷҷор мунҷар мешуд. Гузашта аз ин, на ҳама аз туҷҷор онро риоят мекарданд. Ба ин далел тасмим шуд, ки дар соли ҷорӣ чунин даъвате пахш нашавад”.
Ин дар ҳолест, ки аз дирӯз арзиши маводди ғизоӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба сурати чашмрас боло рафтаанд. Ба унвони мисол, арзиши як килугромм гӯшти гов дар бозори Шоҳмансур ва маҳаллаи 33-и шаҳри Душанбе 38 сомонӣ ва дар бархе аз манотиқи дигар то 40 сомонӣ боло рафтааст.
Ин дар ҳолест, дар ҳафтаи гузашта арзиши як килугромм гӯшти гов 33-34 сомонӣ буд. Фурӯшандаҳои гӯшт мегӯянд, ки арзиши гӯшт ба далели боло рафтани қимати чорво боло рафтааст. Як фурӯшандаи бозори гӯшти маҳаллаи 33 мегӯяд, ки дар солҳои қаблӣ дар ин фасли сол арзиши як килугромм кунҷора, ғизои чорво муъодили 2,5 сомонӣ буд. Ҳоло он ба 3,5 сомонӣ расидааст.
Ҳамзамон мушоҳидаҳо ҳокист, ки тӯли чанд рӯзи ахир қимати анвои мухталифи ғизо дар бозорҳои Душанбе афзоиш ёфтаанд. Агар то чанд рӯзи пеш нархи як килугромм гелос ва зардолу 5-12 сомонӣ бошад, имрӯз арзиши як килугромм гелос то ба 20 сомонӣ ва як килугромм зардолу то ба 15 сомонӣ боло рафтааст.
Ҳамчунин арзиши помидор ё гуҷафарангӣ ва хиёр низ то ду маротиба боло рафтааст.
Ин дар ҳолест, ки дар моҳи Рамазон мусалмонон ба ғизои муқаввӣ бештар ниёз дошта ва ҳар субҳу шом хӯрокеро истеъмол мекунанд, ки аз гӯшт таҳия шуда бошад.
Аз сӯйи дигар, маъмулан дар моҳи Рамазон маросимҳои арӯсӣ баргузор нашуда ва ба ин далел чорвои зиёде барои баргузории онҳо забҳ намешаванд.
Дар паёми шодбошии Президент Раҳмон дар робита ба фарорасии моҳи Рамазон ҳамчунин дар бораи саховатмандӣ дар қиболи ниёзмандон гуфта шудааст: “Дар ин моҳи муборак ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону дармондагон ва оилаҳои камбизоат дасти ёрӣ дароз кардан, дар ободии кишвар саҳмгузор будан, дар баровардани ниёзҳои мардум мусоидат намудан ҳам фарз асту ҳам суннат."
